Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳибае бо шабакаи "Ал-Олам'-и Эрон гуфтааст, ки ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон барои берун рафтан аз кишвар ба мушкилоте мувоҷеҳ ҳастанд.
Ин мусоҳиба, дирӯз, чаҳоршанбеи 9 март нашр шуд.
Карзай дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи монеаҳо дар сафарҳои хориҷияш гуфтааст, ки "бале, дар сафарҳое, ки қарор буд бо доктар Абдуллоҳ Абдулоҳ дошта бошем, ба сурати ҷудогона мушкилоте мавҷуд буд, ки умедворам бартараф шавад".
Аммо ӯ гуфтааст, ки барои гаштугузор дар дохили кишвар, аз ҷумла Кобул озод аст ва бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳар ҷо, ки бихоҳанд, метавонанд бираванд.
Пештар хабарҳое нашр шуда буд, ки "Толибон" ба хориҷ рафтани Карзай ва Абдуллоҳро манъ кардаанд ва онҳо дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ин хабарро ҳатто бархе вз аъзои толибон ҳам таъйид карда буданд.
Мақомҳои "Толибон" то кунун дар бораи далелҳои мамнуъулхуруҷ шудани Карзайу Абдуллоҳ то кунун изҳори назар накардаанд.
Карзайу Абдуллоҳ аз мақомҳои баландпояи ҳукумати пешин ҳастанд, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон то кунун дар Кобул мондаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста