Гуфтугӯи навбатии намояндагони Русия ва Укроин қарор аст, имрӯз, 28-уми март оғоз шаванд, ки то 30-юми март идома меёбанд. Ин бор музокироти ин ду кишвар дар Туркия баргузор шавад. Дар ин бора, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба намояндаи Киев Давид Арахамия хабар додааст.

Владимир Мединский, намояндаи Маскав дар ин музокирот низ ин хабарро тасдиқ кард. Аммо вай макони баргузории гуфтугӯро ошкор накард.

Ҷонибҳо тасмими баргузории ин гуфтугӯро 27 март гирифтаанд.

Даври аввал ва чанди даври дигари гуфтугӯҳои Русия ва Укроин дар бораи ҳалли низоъ дар ҳудуди Белорус анҷом шуд. Сипас он тариқи видеоӣ идома ёфт. Маскав ва Киев ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор намекунанд, танҳо пас аз аз нишастҳои хабарҳои расмие нашр мешаваду халос.

Артиши Русия субҳи 24 феврал бо фармони президент Владимир Путин ба Укроин ҳамла кард, ки ҷониби Русия инро "амалиёти вижаи артиши кишвараш" дар Укроин ном мебарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.