Аз оғози ҷанги Русия дар Укроин ҳаҷми ёриҳои низомии Иттиҳоди Аврупо ба Укроин ба €1,5 млрд расидааст. Дар ин бора роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар шаҳри Киев хабар дод.
Мишел бо президенти Укроин Владимир Зеленский мулоқот кард. Президенти Укроин гуфт, ки онҳо таҳримҳои зидди Русия, инчунин кӯмаки низомиву мудофиавии Иттиҳоди Аврупо ба Киевро баррасӣ кардаанд.
Зеленский ҳамчунин илова кард, ҷонибҳо суолномаеро баррасӣ кардаанд, ки Укроин ахиран барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо онро пур карда буд. Чанд рӯзи пеш мақомоти Укроин онро ба Иттиҳод супориданд.
Мишел дар сафараш ба Укроин ба шаҳраи Бородянки наздики Киев рафт, ки чанде пеш артиши Русияро он шаҳракро холӣ карда буд. Укроин артиши Русияро дар хушунат нисбати афрди мулкӣ гумонбар мекунад.
"Таърих ҷиноятҳои ҷангиеро фаромӯш нахоҳад кард, ки инҷо содир шудаанд. Ҳеч сулҳе бидуни адолат пойдор нахоҳад монд", - навишт роҳбари Шӯрои Аврупо дар саҳифаи Твиттер.
Аз оғози ҳамалаи Русия ба Укроин тибқи иттилои СММ, бештар аз 2 ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Бештар аз 5 миллион кас Укроинро тарк карданд. Теъдоди муҳоҷирони иҷбории дохилӣ дар Укроин ба бештар аз 7 миллион мерасад.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста