Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки таҳҷизоти низомии ин кишвар ба арзиши ҳафт миллиард доллар дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Шабакаи хабарии CNN дар як гузориш бо такя ба Пентагон нигоштааст, ки ин таҳҷизот дар ҷараёни шонздаҳ соли гузашта ба Афғонистон интиқол ёфта буданд.
Дар ин гузориши CNN омадааст, ки Амрико аз соли 2005 то соли 2021 ба арзиши 18,6 миллиард доллар таҳҷизоти низомиро ба неруҳои амниятӣ ва дифоиии Афғонистон кӯмак кардааст, ки пас аз берун шудани ИМА аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, ба арзиши 7 миллиард доллар таҳҷизоти низомӣ дар ин кишвар барҷо мондааст, ки ба дасти "Толибон" афтодаанд.
Дар ин гузориш аз ҷумла сухан дар бораи 78 тайёра, 40 ҳазор василаи нақлиёти низомӣ, аз ҷумла 12 ҳазор мошини низомиву ҷангии HMMWV, бештар аз 300 ҳазор ҷангафзор, муҳимоти вижа ба арзиши 47 миллион доллар, дурбинҳои шаббин, системаи биометрик ва воситаиҳои пок кардани минаҳо, пас аз хориҷ шудани амрико дар Афғонистон боқӣ мондаанд.
Толибон гуфтаанд, ки аз ин пас ин таҳҷизот барои дифои Афғонистон истифода мешаванд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон" гуфтааст, ки ин таҳҷизот "ба хотири куштори мардуми Афғонистон ба ин ҷо интиқол ёфта буданд ва ҳоло моликияти Афғонистон шудаанд ва пас аз ин ин таҳҷизоту аслиҳаҳо ба хотири дифо аз Афғонистон истифода мешаванд".
ИМА ва кишварҳои муттаҳидаш, апс аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дар Амрико, ҳафтуми октябри соли 2001 ба Афғонистон ҳуҷум оварданд ва дар ду даҳҳа дар ин кишвар ҳузур доштанд, ки дар пайи ба имзо расидани тавофуқномаи 2020 дар Давҳаи Қатар моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тарк карданд ва ба гуфти Ҷо Байден дарозтарин ҷанги Амрико дар хориҷ аз кишвараш поён ёфт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста