Баъди сар задани ҷанги Русия дар Укроин ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавзуъи Афғонистонро фаромӯш кардааст. Аммо гуруҳи террористии “Толибон”, ки соҳиби қудрати сиёсии Кобул шуд, ҳамоно дар ин ҷуғрофиё фоҷеаҳои инсониро роҳандозӣ кардаанд, ки дар рӯзҳои ахир ин ҷиноятҳои башарӣ бештар алайҳи тоҷикон равона шудааст.
Рақси атан (як навъ рақси паштунҳо дар Афғонистон)-и Толибон дар сари қабри Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер, бар оғоз шудани амалиёти зиддитолибонӣ дар Андаробу Панҷшер аз сӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (зери раҳбарии Аҳмади Масъуд), куштори бераҳмонаи мардуми тоҷик дар вилоятҳои шимолӣ, аз ҷумла Кописову Бағлону Тахору Панҷшер ва ҳамчунин ишораҳо ба Тоҷикистон, ба унвони кишваре, ки барои Ҷабҳаи муқовимат пойгоҳ додааст, авзои Афғонистонро ба ҷанги Толибон бо тоҷикон табдил кард.
Дар баробари ин, ба расмият нашинохтани ҳукумати Толибон аз сӯйи кишварҳои дунё, муборизаҳои гурӯҳҳои сиёсиву низомии Толибон миёни худ, буҳрони фарогири иқтисодӣ ва молиявӣ, гуруснагии сартосарӣ (мувофиқи омори охирини СММ беш аз 70 дарсади мардми Афғонистон аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд), хуруҷи бемориҳои гуногун, ноамниву инфиҷорҳои зиёди рӯзҳои ахир дар Коблул Қандаҳор ва вилоятҳои дигар, вазъи ин кишварро буҳронитар кардааст.
“Атан”-и сари қабри Масъуд ва оғози дигарбораи даргириҳо бо Толибон
Рӯзи Иди Фитр, 2 май тақрибан беш аз 20 нафар аз неруҳои Толибон дар Панҷшер бо хушҳолӣ бар сари қабри Аҳмадшоҳ Масъуд рақси атан карданд. Ин амалкарди Толибон хашми миллионҳо ҳаводори Масъудро дар Афғонистон ва афғонҳои хориҷ ба бор овард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи ҳукумати Толибон гуфт, ки “рӯйдоди ахир сиёсати Толибон нест ва онро таъйид ҳам намекунад”. Аммо ин кор дар Афғонистон на ҳамчун як амри тасодуфӣ ва кори дасти як гурӯҳ ҷавонон, балки чун намоиши пирӯзӣ дар баробари ҷабҳаи даъвогари қудрат пазируфта шуд.
Аммо аз он ҷо, ки Толибон бо Масъуд ва мероси Масъуд душмании дерина доранд, ин кор ҳамчун беэҳтиромӣ ба яке аз чеҳраҳои таърихсози Афғонистон, ки унвони Қаҳрамони милии Афғонистонро дорад пазируфта шуд. Зеро Толибон дар нахустин рӯзҳои расидан ба Панҷшер дар моҳи августи соли гузашта оромгоҳи Масъудро тахриб карданду шишаши боло қабри ӯро, ки ояе аз Қуръон ҳаккокӣ шуда буд шикастанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Толибон ба унвони гуруҳи тундгаройи мазҳабӣ бо мусиқӣ ва рақс мушкили ақидатӣ доранд.
Чанд рӯз пас аз ин ҷангҳои Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон шиддат гирифт, ки дар пайи ин ҷангҳо Толибон ба куштори бераҳмонаи мардуми тоҷиктабор, ки ҳастаи муқовиматро ташкил мекунанд, даст заданд.
Ҷангҳои Андаробу Панҷшер рӯзҳои 6-7 май дар вулусволӣ (ноҳия)-ҳои Дара, Шутулу Ҳисораку Обшори Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон, ки нуқтаи пайваст бо Панҷшер аст, сар заданд.
Бархе аз манбаъҳои расонаҳои Афғонистон ин ҷангро бисёр бузург хондаанд. Дар ин ҷангҳо яке аз фармондеҳони ҷабҳаи муқовимат дар Андароб – муаллим Саъдуддин кушта шуд, ки ба навиштаи расонаҳо фарзандонаш фурсати гӯр кардани онро наёфтанд. Зеро Толибон неруи бузурге ба ин минтақа фиристоданд ва писарони ӯ маҷбур шуданд қабри падарро сангари ҷанг кунанд. Дар рӯзи 7-уми бино ба иттилои Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимат Толибон танҳо дар Андароб беш аз 80 кушта додаанд. Оморе, ки Толибонро онро таъйид накарданд. Муаллим Саъдуддин аз фармондеҳоне буд, ки дар замонаш таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳ Масъуд ҷангида буд.
Манбаъҳои наздик ба Ҷабҳаи муқоимат гуфтаанд, ки рӯзҳои 7-8-уми май дар Панҷшер беш аз 100 толиб кушта шудааст. Ҳамчунин Ҷабҳаи муқовимат кушташудаҳои худро наздик ба 10 нафар эълон кард.
Ҳамчунин рӯзи 8-9 май дар Андароб ҷанги шадиде бо неруҳои фиристодаи Толибон сурат гирифтааст, ки ин ҷангҳо асосан дар Дараи Ҷар, Косатарош ва Хайрдараи вулусволии Деҳсалоҳ то соати 18.00 шом давом кардаанд. Гуфта мешавад, ки Толибон дар ин ҷангҳо талафоти зиёд доштаву даргирӣ ба нафъи неруҳои Ҷабҳаи муқовимат тамом шудааст.
Фармондеҳи Малик, ки масъули истихбороти Толибон буд, рӯзи 6-уми май Толибон дар Ҳиндукуш алайҳи ӯ амалиёт гузарониданд, ки ба навиштаи манбаъҳои марбут ба Панҷшер дар ин амалиёт Толибон шикаст хӯрдаанд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар ахборе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, як далели пирӯӣ бар Толибонро дар ин ҷангҳо ҳузур доштани неруҳои пешини пулис ва неруҳои хоси артиши собиқи Афғонистон дар сафи неруҳои Ҷабҳаи муқовимат донист. Аҳмадӣ ҳамчунин чанд аксеро аз ин неруҳо ба унвони намуна нашр кард.
Дар рӯзҳои ҷанги шадид дар Андаробҳову Панҷшер Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон дар твитте навишт, ки 250 нафар аз неруҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер ба неруҳои онҳо таслим шудаанд. Аммо Сибғатулло Аҳмадӣ дар мусоҳибае бо Афғонистон Инттернейшнл, рӯзи 11-уми май ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки "Толибон шаҳрвандони одии Афғонстонро боздошт кардаву онҳоро худсарона бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимат азобу шиканҷа мекунанд ва ҳато зиндон мекунанду мекушанд".
Баҳси “генотсид”-и тоҷикон аз сӯйи Толибон
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ахборе нашр шуд, ки дар пайи се ҳамлаи ахири террористӣ дар моҳҳои гузашта дар замони ҳукумати Толибон ҳудуди 600 тоҷик куштаву захмӣ шуд - 80 нафар дар масҷиди Пули Хиштӣ ва 300 нафар дар масҷид ва ё хонақоҳи Халифаи шаҳри Кобул ва 200 нафар дар масҷид ва ё хонақоҳи вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз.
Ҳамчунин куштори мардуми ҳазора дар Кобул (инфиҷорҳо дар чанд мактаби ҳазораҳо дар Ғарби Кобул) дар моҳи апрел, ки беш аз 150 кӯдак дар он кушта шуд, ба далоили мазҳабӣ кори дасти ДОИШ унвон шуд. Ҳукумати Толибон омори расмии ин инфиҷорҳоро расонаӣ накард.
Ин ҳамлаҳо ва инфиҷорҳо дар Афғонистон чун қатли омм (генотсид) ва поксозии қавмӣ унвон шуд. Дар пайи кушторҳои дастаҷамъии ғайринизомиён аз сӯйи Толибон дар Тахор, Андароб ва Панҷшер, Холид Амирӣ яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аз ниҳодҳои байналмилалӣ хост, ки дар ин бор таҳқиқи холисона анҷом диҳанд. Амирӣ иддио кард, ки Толибон пас аз шикаст дар майдони ҷанг даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ ҷа ҷиноятҳои башарӣ зада ба қатли омми мардуми бегуноҳ пардохтаанд.
Аз куштори ғайринизомиёни тоҷик ҳамчунин фаъолони ҳуқуқи башар низ садо баланд кард.
Ба дунболи ин сару садоҳо, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари СММ Ричорд Бант гуфт, ки “видеоҳо, наворҳои савтӣ ва гузоришҳои бисёр нигаронкунандае аз нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер, Бағлон ва Тахор нашр шудаанд, ки ниёз ба тасдиқи бештар доранд”. Ӯ таъкид кард, ки вазъиятро дар ин минтақа бештар дунбол мекунанд. Ӯ гуфт, ки таҳқиқот ва ёфтаҳои худашро аз Афғонистон ба Шӯрои ҳуқуқи башар ва Маҷмаии умумии СММ пешниҳод мекунад.
Қонунҳои сахти Толибон ва таҳаввулоти дигари сиёсӣ
Толибон дар рӯзҳои ахир, ба дунболи қонунҳои сахте, ки пештар ҷорӣ карда буданд, қоидаҳои наве ҷорӣ карданд, ки бисёр сахтанд. Аз ҷумла онҳо фаранҷиро либоси ҳатмии занон дар Афғонистон эълон карданд. Гирифтани ҳуҷҷати ронандагиро барои занон манъ карданд. Бастани галстукро барои мардон ҳаром эълон намуданд. Ҳамчунин Толибон бо расонаҳо муносибати хашине доранд. Чанд рӯз пеш як рӯзноманигор Холид Қодириро дар Ҳирот барои танқиди толибон дар Фейсбук ба як соли зиндон муҷозот карданд.
Дар охирин дастури ху, Толибон эълон карданд, ки рӯноманигорони зан дар барномаҳои телевизионӣ бояд чеҳраашонро бо ниқоб (моск) бипӯшонанд.
Бо вуҷуди ин ҳам қавонини сахтгирона, ин шабу рӯзҳо дар Кобул музокироти ҳукумати Покистон бо намояндагони ҳаракати “Толибон”-и Покистон ҷараён дорад ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамчун миёнрав миёни ҳукумати Покистон ва ин гуруҳ амал мекунад.
Аз сӯйи дигар Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ва раҳбари шабакаи “Ҳаққонӣ” дар як мусоҳибаи ахираш бо шабакаи CNN гуфт, ки онҳо Амрикоро душмани худ намеҳисобанд. Ин изҳороти Ҳаққонӣ пурвокуниш шуд.
Аз ҷумла Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ ва ҳоло яке аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва тоҷикони Панҷшер, гуфт, ки “Толибон муздури Покистонанд ва наметавонанд душмани Амрико бошанд”. Солеҳ гуфтааст, ки Покистон дар маҷмуъ мутеи Амрикост, ки аз Толибон ҳимоят мекунад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин изҳороти Ҳаққонӣ хашми мардумро ҳам ба бор овардааст, ки агар инҳо бо Амрико душманӣ надоштанд, чаро бо ин қадар ҳамлаҳои интиҳориву инфиҷорӣ ҳоли Афғонистонро табоҳ карданд.
Толибон, ахиран дар ҳафтаи гузашта, расман аз барҳам додани шаша ниҳод, Комиссияи ҳуқуқи башар, Комиссияи назорат бар иҷрои Қонуни Асосӣ, Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, Шӯрои амнияти миллӣ ва Дабирхонаҳои Маҷлисҳои намояндагон ва Сано хабар доданд. Аз тарафи дигар, аз ташкил шудани кумитаи тамос бо шахсиятҳои миллӣ хабар доданд.
Бархӯрдҳо бо Тоҷикистон ва иттиҳомҳои Ҳикматёр
7-уми май дар ҳоле, ки дар Панҷшеру Андаробҳо ҷангҳои сахте мерафт, дар нуқтаи марзии Фархори Тоҷиистон бо Кокули Тахори Афғонистон даргириҳое сурат гирифт. Бархе расонаҳо хабар доданд, ки аз хоки Афғонистон Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Баъдан гурӯҳи ДОИШ идда кард, ки онҳо Тоҷикистонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додаанд. Баъди як рӯз, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот гуфт, ки ин даргириҳо миёни Толибон ва ДОИШ буд, ки тасодуфан тирҳое ҳам ба ҷониби Тоҷикистон гузаштаанд.
Баъди ин Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонисто ва аз чеҳраҳои маъруфи ҷангу ҷиҳоди ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар хутбаи намози ҷумаъ гуфт, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон(Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.
Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати Толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд. Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад. Вале бархе аз доираҳои таҳлили Ҳикматёрро “сухангӯйи ғайрирасмии Толибон” лақаб додаанд ва гуфтанд, ки ин изҳорот бояд ҷиддӣ гирифта шавад.
Баъд аз ин дар Шерхонбандаи Қундузи Афғонистон, ки бо Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст, даргирии чорсоатае рух дод, ки дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар доданд. Аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфт. Баъдан боз расонаҳои Афғонистон иттилоъ доданд, ки Толибон дар Паҷн бархе аз мошинҳо ва ронандгони Тоҷикистонро гаравгон гирифтаанд. Ҷониби Тоҷикистон то кунун инро тасдиқ накарадааст.
Дар Афғонистон гоҳу ногоҳ бархе чеҳраҳо эълон мекунанд, ки раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат, аз ҷумла Аҳмади Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои охирини Афғонистон дар Тоҷикистон қарор доранд. Иддаое, ки расман то кунун таъйид нашудааст.
Ташкили ҷабҳаҳои гуногун алайҳи Толибон
Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Кобул ҷабҳаҳои гуногуне алайҳи онҳо ташкил шуд. Нахустини он зери раҳбарии Аҳмади Масъуд буд. Баъдан чанд моҳ пештар Ҷабҳаи миллии озодагон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон эълони ҳузур кард, ки гуфта мешавад аз ҳисоби тоҷикони Афғонистон ташкил шудааст.
Чанд моҳ пештар бархе аз чеҳраҳои ҳукумати пешин ва ҷангсолорону сиёсатмадорони собиқи Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷи ин кишвар қарор доранд, аз ташкили ҷабҳае хабар доданд, ки Ато Муҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммади Муҳаққиқ ва чеҳраҳои дигаре дар раъси он қарор доштанд. Аммо ин ҷабҳа ҳеч гоҳе ба амалиёт: на низомӣ ва на сиёсӣ даст назад.
Рӯзҳои ахир, Раҳматуллоҳ Набил, раиси собиқи Раёсати амнияти миллии Афғонистон эълон кард, ки дар талоши як ҷабҳаи нав алайҳи Толибон аст.
Ҳамчунин коршинсону таҳлилгарон ҳадс мезанад, ки тобистону тирамоҳи имсол ҷанги ин ҷабҳаҳо бо Толибон шиддат мегирад. Иддаое, ки рӯзҳои ахир мо шоҳиди фаъол шудани он ҳастем.
Аммо, аз он ҷо ки қудрати асосӣ дар ин кишвар дар дасти Толибон аст ва кишварҳои гуногуне ба таври ғайрирасмиву нимарасмӣ (Покистон, Чин, Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қатар) онҳоро эътироф кардаанду бо онҳо дар равобит қарор доранд, ба он чи рӯзҳои ахир дар ин кишвар мегузарад нигоҳи дигаре шакл гирифтааст. Нигоҳ ва мавқее, ки идомаи фоҷиаҳои инсонӣ дар ин кишваро фоҷиаангезтар мекунад. Талошу заду бандҳо, нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун дар мавриди Толибон тасмими “дуруст”-е нагирифтаанд, ки ин тасмим ҳатто метавона бо иштибоҳи дигарбора бианҷомад.
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста