Дар мулоқоти ҳайатҳои низомии Туркия, Русия ва Украина, инчунин намояндагони СММ имрӯз, 13 июл дар шаҳри Истамбули Туркия масъалаи содироти гандуми Украина бо роҳи баҳрӣ баррасӣ мешавад, менависад centralasian.org.

Дар ин бора вазири мудофиаи Туркия Хулуси Акар рӯзи 12 июл хабар додааст. Олег Николенко, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтааст, кишвараш ҷонибдори он аст, ки роҳи ҳал бо миёнаравии СММ пайдо шавад.

Ба иттилои вазири мудофиаи Туркия, мақомоти низомии ин кишвар пештар ба Москва ва Киев сафар карда буданд, ки "мулоқотҳо натиҷаи мусбат додаанд". Ахиран масъалаи содироти гандуми Украинаро президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бо президенти Русия ва Украина дар алоҳидагӣ, тариқи телефон муҳокима кард.

Бандарҳои Украина дар баҳри Сиёҳ аз 24 феврали соли ҷорӣ, замони ҳамлаи Русия ба Украина, аз фаъолият бозмондаанд.

Ба иттилои расонаҳо, бештар аз 130 киштии пур аз гандуми Украина мунтазири ҳаракат ҳастанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.