Воҳидҳои махсуси ҳаракати “Толибон” (ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Кундуз 3 нафар ҷангиёнро куштаву 5 нафари дигарро, ки ба тирпаронӣ бо мушак ба қаламрави Ӯзбекистон рӯзи 5 июл гумонбар дониста мешаванд, дастгир карданд, хабар медиҳад Медиазона бо истинод ба маълумоти намояндаи расмии гуруҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар Twitter.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, кушташудагон ва боздоштшудагон ҷонибдори равияи динӣ-сиёсии хавориҷ мебошанд, ки дар ноҳияи Имом Соҳиб қарор доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ тасдиқ мекунад, ки ҷангиёни боздоштшуда ба сӯйи қаламрави Тоҷикистон низ тирпаронӣ мекардаанд. Лекин намояндаи Толибон дар ин бора маълумоти мушаххас надодааст. Қаблан дар бораи тирпаронӣ ба самти Тоҷикистон низ хабар надода буданд.
Гуфта мешавад, аз боздошшудагон автомашина ва силоҳу муҳимот дарёфту мусодира шудааст.
Дар навори видеои аз ҷониби Толибон нашршуда боздоштшуда мегӯяд, онҳо дар доираи қарордод байни Ҷабҳаи муқовимат ва Давлати исломӣ (ДОИШ), ки онҳоро бо силоҳу муҳимот таъмин мекардаанд, ба қаламрави ин ду кишвар тирпаронӣ мекардаанд.
Ёдрас мекунем, ки баъд аз зуҳри 5 июл дар минтақаи марзии Ӯзбекистон афтидани панҷ мушак, ки эҳтимол аз қаламрави Афғонистон партоб шудааст, мушоҳида шуд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, дар натиҷа талафоти инсонӣ ва тахриб дар пай надоштааст.
Тибқи маълумоти хабаргузории “Фергана”, 17 июл рӯзноманигори афғон Билол Сарварӣ хабар додааст, ки Ӯзбекистон боз аз қаламрави Афғонистон мавриди тирпаронӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, ба самти қаламрави Ӯзбекистон аз 6 то 8 адад мушаки реактивӣ партоб шудааст.
Сарварӣ изҳор доштааст, ки ин маълумотро ба ӯ ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам худи Толибон тасдиқ кардаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2025
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста