Бар асари тирпаронӣ дар боғи шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА, ки дар он ҷо автошоу баргузор мешуд, 2 кас ҳалок ва боз 5 нафари дигар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии ВВС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ба гуфтаи капитани пулиси Лос-Анҷелес Келли Муниз, дар ин ҳодис дастикам ду нафар тир паронидаанд.

“Эҳтимол тирпаронӣ аз баҳс байни ду нафар оғоз гардида, силоҳи оашфишон ҳам пайдо шудааст”, - иброз доштааст ӯ.

Ҳеҷ кадоме аз гумонбар ё гумонбаршудагон ошкор ва дастгир нашудаанд. Мақомоти пулис автомашинаи рангаш сафеди Mercedes-Benz-ро меҷӯяд, ки шояд ба ин ҳодиса марбут бошад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар натиҷаи тирпаронӣ дастикам 7 нафар афроди синнашон аз 3 то 54-сола захмӣ шуда, бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Келли Муниз гуфтааст, дар чорабинии автошоу дар боғ то 500 нафар ҳузур доштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.