Дар Русия фурӯши мошинҳои ширкати эронии Iran Khodro (Эрон Худрав) эҳтимол ба зудӣ оғоз шавад, хабар дода мешавад дар торнамои autonews.ru.
Аввалин мошинҳои тамғаи Теҳрон шояд то охири соли ҷорӣ дар бозори мо пайдо шаванд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсанть" бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Меҳдии Хатибӣ раиси ширкати "Iran Khodro", онҳо аллакай бо ҷониби Русия тамоми музокироти заруриро анҷом додаанд. Вай таъкид кардааст, ки бозори Русия барои онҳо яке аз муҳимтарин бозорҳо хоҳад шуд. Ба иттилои Gazeta.ru. ширкат инчунин ба нақша гирифтааст, ки ба Озарбойҷон, Уммон ва Ироқ мошин содир кунад.
Тақрибан 20 сол пеш мошинҳои "Iran Khodro" аллакай дар Русия фурӯхта мешуданд. Ба ин тариқ, седани Samand-ро, дар заминаи модели Peugeot 405 сохта шудааст, метавонистӣ дар Русия солҳои 2006-2009 харидорӣ намуд. Лекин ҳаҷми фурӯшаш на он қадр қобили мулоҳиза буд.
Гуфта мешавад, ки "Iran Khodro" нақша дорад солона 100 ҳазор мошин содирот кунад. Ин рақам аз ҳаҷми ҳозира панҷ баробар бештар аст.
Дар ҳамин ҳол раиси маркази русии "Эрониёни бурунмарзӣ" Мирзо Ғозӣ Аббос Муслим қаблан гуфта буд, ки тавлиди мошинҳои эронӣ метавонад дар корхонаи "Москвич" роҳандозӣ шавад. Эҳтимол сухан дар бораи модели KMC J7 меравад.
Ин мошин намунаи табдилшудаи модели чинии Sehol A5 Plus мебошад, ки аз ҷониби JAC истеҳсол шудааст. Аммо дар ин бора то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста