Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии сулҳ, Афғонистон барои чаҳорум бор пайиҳам хатарноктарин кишвари ҷаҳон дониста мешавад. Ин кишвар аз соли 2019 инҷониб дар рейтинги бехатарӣ дар ҷойи охирин қарор дорад.
Бар асоси ин раддабандӣ, пас аз Афғонистон кишварҳои Яман, Сурия ва Русия дар се зинаи баъдӣ қарор гирифтаанд. Ҳар сеи ин кишварҳо ба гурӯҳи хатарноктарин мамлакатҳои ҷаҳон шомиланд.
Дар ин шохис Тоҷикистон зинаи 92, Қирғизистон 91, Қазоқистон 97 ва Туркманистон 104-умро ишғол кардааст.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон дар мақоми 86-ум қарор гирифта, ба гузориши Созмони ҷаҳонии сулҳ, амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нисбат ба ИМА ва Туркия амнтар ҳисобида мешаванд.
Дар ин баробар, се зинаи аввали рейтингро кишварҳои Исландия, Зеландияи Нав ва Ирландия ишғол кардаанд.
Ин шохиси ҷаҳонии сулҳ ҳамасола аз ҷониби ҷомеашиносони гурӯҳи байналмилалии Пажӯҳишгоҳи сулҳ дар якҷоягӣ бо Маркази омӯзиши сулҳ ва низоъ дар Донишгоҳи Сидней таҳия карда мешавад.
Барои тартиб додани шохиси ниҳоӣ коршиносон нишондиҳандаҳои низоъҳои дохилӣ ва берунӣ, шиддатнокии онҳо ва шумораи қурбониён; фисади гурезагон дар байни аҳолӣ; ноустувории сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ; ҳамлаҳои террористӣ; шумораи маҳбусон ва ворид ва содироти силоҳро ба инобат мегиранд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста