Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай, ки пас ишғоли қудрат дар ин кишвар аз ҷониби Толибон*, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, аз эътирозгарони вилояти Пактиё пуштибонӣ ва аз сиёсати ин гирӯҳ интиқод намуд, менависад расонаи хабарии “Омоҷнюс”.
Ҳомид Карзай гуфтааст, “барои наҷоти Афғонистон аз идомаи ин вазъ, Толибон* бояд мактабҳоро дубора ба рӯй духтарон боз намоянд” ва таъкид кардааст, ки “таҳсил ҳаққи ҳар шаҳрванд буда, эътирози онҳо садои пешрафт ва ба пои худ истодани Афғонистон аст”.
Ӯ ҳамчунин, дар саҳфаи Твиттери худ навишт: "Садои эътирози донишомӯзони духтар дар Пактиё барои боз шудани дубораи мактабҳои эшон, садои ҳамаи духтарони мо ва садои миллати Афғонистон мебошад".
Бино ба иттилои ин расона, дар пайи баста шудани мактабҳои духтарона дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон, ба вижа дар вилояти Пактиё садҳо нафар духтарон, ки Толибон муқобили таҳсилашон ҳастанд, ба эътироз баромада, хостори боз кардани дари мактабҳо шуданд.
Намояндагони Толибон* баста шудани мактабҳоро ба мушкилоти фарҳангӣ ва масоили динӣ рабт медиҳанд.
Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти вазорати маорифи Толибон* гуфтааст, ки мактабҳои духтарона ба далели мушкилоти фарҳангӣ барои донишомӯзони аз синфи шаш боло баста шудааст, ки бо фароҳам шудани заминаи беҳтар дубора боз хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол Рино Амирӣ, намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон дар вокуниш ба баста шудани мактабҳои духтарона дар Пактиё ва эътирозҳои донишомӯзони духтар дар ин вилоят гуфтааст, ки идомаи сиёсати золимона ва вайронгари Толибон* "ҳеҷ тавҷеҳе" надорад.
Намояндаи вижи Амрико дар умури занони Афғонистон таъкид кардааст, ки далелҳоеро, ки Толибон* ба идомаи бозкушоии мактабҳо мегӯяд қобили қабул набуда, идома ин тасмим ба масоили динию фарҳангӣ ҳеҷ рабте надорад.
Гуфтан ба мавриди аст, ки чанд ҳафта ба ин сӯ, шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳимоят аз бозкушоии мактабҳо дар Афғонистон корзори "Зиндон ҷойи мо нест, бигзоред дарс бихонем" -ро ба роҳ мондаанд, ки ҷонибдорони зиёд пайдо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз ишғоли қудрат дар Кобул як сол сипарӣ мегардад ва давоми ин муддат Толибон* пайваста аз набудани шароити таҳсил сухан ронда, ваъда медиҳанд, ки бо фароҳам шудани шароит ба таҳсили духтарон иҷоза медиҳанд.
Дар ин муддат ҳукумати ташкилнамудаи Толибон* ҳам аз ҷониби ҳеҷ давлати дигар расман эътироф нагардида, номи ин гурӯҳ ва роҳбарони он ҳоло ҳам дар рӯйхати сиёси СММ қарор дорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/world/20220905/kushtori-muiburramon-ansor-shari-tolibon
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста