Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вокуниш ба кушта шудани шуморе аз ҳамсафони худ дар Панҷшер, мегӯяд, ки мубориза алайҳи толибон бо азм ва иродаи ҷиддитар идома хоҳад кард.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 15-уми сентябр, дар як паём савтӣ гуфт, чанд ҳамсафи ӯ “дар як ҷанги нобаробар дар муқобили зулми мутаҷовиз ва ҷаҳлу торикӣ қарор гирифта” кушта шуданд.

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимат афзуд, ки ин рӯйдод "азму иродаи моро маҳкамтар, бовар ва роҳи моро равшантар месозад".

Масъуд дар паёмаш афзуд, ки ҷангҳои ахир "дурӯғи Толибонро* ифшо кард, ки мегуфтанд, муқовимат ва ҷанге дар Панҷшер вуҷуд надорад."

Ӯ афзуд, ки нерӯҳои Ҷабҳа дар “ҷанги нобаробар” дар муқобили “зулм ва мутаҷовиз” муборизаро идома медиҳанд ва ин муқовамат бар зидди Толибон дар ҳоли густариш аст.

"Шаҳидони мо бо хуни худ чеҳраи саффок ва воқеии Толибонро ошкор сохтанд. Гурӯҳе, ки на ба Худо бовар доранд, на ба дунболи ислому шариат ҳастанд ва на аз дину ислом чизе мефаҳманд. Гурӯҳе, ки на бовар ба қонунҳои инсонӣ ва исломӣ доранд ва на эҳтироме ба қонунҳои байнулмилалӣ", - иброз дошт Аҳмад Масъуд.

Ӯ аз мардум ва уламои Афғонистон хост, ки сукут накунанд ва алайҳи ин гурӯҳ садои худро баланд намоянд.

Ҳамчунин, роҳбари Ҷабҳа аз созмонҳои ҳуқуқи башар, Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳо хост, ба чунин ҷиноятҳое, ки ҳазинаи сангине барои мардум, миллат ва кишвараш дорад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Аҳмад Масъуд гуфт, ин созмонҳо бо маҳкум карданҳои катбӣ (навишторӣ) иктифо накунанд ва тасмимҳое бигарданд, ки натиҷаи он пешгирӣ аз ҷиноятҳои ваҳшатнок бошад.

Ҷабҳаи муқовимат ахиран кушта шудани 11 нафар, ба шумули Абдулмалик Обид ва Муҳаммадёр, аз фармондеҳон ин Ҷабҳа дар Панҷшерро таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддао кард, ки 40 узви Ҷабҳа муқоваматро дар Панҷшер кушта, ва беш аз 100 узви дигарашро боздошт кардаанд.

Ҷабҳаи муқовамат низ таъкид менамояд, ки беш аз 70 ҷангҷӯи Толибон, аз ҷумла муовини фармондеҳи ин гурӯҳ дар вилоятҳои Панҷшеру Андаробҳо, дар ҷангҳои ахир кушта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Кобул, гузоришгари вижаи ин созмон дар умури ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва бархе аз сафирони кишварҳои аврупоӣ Толибонро ба иртикоби "ҷинояти ҷангӣ" дар Панҷшер муттаҳам кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Аҳмад Масъуд дар шаҳри Венаи Австрия барои иштирок дар  ҳамоиши “Нишасти Вена” қарор дорад ва дар назар аст, онҷо бо чеҳраҳои муҳими сиёсии Афғонистон ва мухолифони Толибон дидор намуда, ояндаи муқовимат бо ин гурӯҳро баррасӣ кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед