Дар мактаби №88-и шаҳри Ижевски Русия дар натиҷаи тирпаронӣ 13 нафар, аз ҷумла 6 одами калонсол ва инчунин 7 ноболиғ ба ҳалокат расида, 17 нафар кӯдакон ва 7 нафар шахсони калонсол ҷароҳат бардоштанд”, - гуфта мешавад дар хабари Кумитаи тафтишоти Русия дар телеграмм-канал.

Тавре ки дар Кумита хабар додаанд, ҷасади марди ба тирпаронӣ дастзада дарёфт шуда, ӯ худкушӣ кардааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин мард бо ду таппончаи травматикӣ (ҷароҳатдеҳ), ки барои оташфишонӣ бо тирҳои ҷангӣ омода шуда буданд, мусаллаҳ будааст.

Тирпаронӣ дар мактаби №88-и пойтахти Удмуртия субҳи имрӯз оғоз шудаааст. Раиси Удмуртия Александр Бречалов ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамаи хадамоти махсус ва табибон дар ин ҷо машғули коранд.

Мактаби №88 дар маркази шаҳри Ижевск, каме дуртар аз бинои мақомоти шаҳрдорӣ воқеъ аст. Дар он 982 мактабхон таҳсил карда, 80 омӯзгор кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Baza, як марди сиёҳпӯш ба мактаб ворид шуда, аввал посбонро мепаронад ва сипас ба тирпаронӣ сӯи кӯдакон оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, шахси ҳамлагар аз ду таппончаи Макаров тирпаронӣ карда, футболка бо рамзи миллатгароиро дар бар доштааст.

Қаблан 6 нафар ҳалокшудаву 20 нафар захмишудагон зикр гардида буданд.

Дар Удмуртия мотам эълон шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.