Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар масоили Афғонистон, дар аввалин дидори худ бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар масоили эътимодсозӣ, системаи бонкӣ ва омӯзиш барои ҳама, бахусус духтарон, баҳсу гуфтугӯ намудааст. Дар ин бора Ҳайати муовинони СММ (UNAMA) дар масоили Афғонистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ Роза Отунбоева ва Амирхон Муттақӣ бо вуҷуди тафовути назарҳо ба зарурати наздиктар сохтани Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири афғонҳо тавофуқ намудаанд.
Ҳамчунин, Роза Отунбоева бо Мавлавӣ Абдулкарим, муовини Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон мулоқот намуда, дар мавриди ҳуқуқи расонаҳо, омӯзиши духтарон, ҳукуматдорӣ, саҳми ҳаётии ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла, занон дар бозсозии Афғонистон гуфтугӯ намудааст.
Фиристодаи СММ барои Афғонистон бо Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дигари Охундзода дар робита ба масоили кӯмакҳои байналмилалӣ, маводди мухаддир ва аҳамияти омӯзиши духтарон суҳбат кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи СММ дар Афғонистон қаблан дар маснади президенти Қирғизистон фаъолият карда, муддате ҳукумати гузори ин кишварро роҳбарӣ намудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста