Моҳи ноябри соли 2022 дар Қатар Чемпионати навбатии 22-юми ҷаҳон оид ба футбол оғоз мегардад. Ба муносибати ин рӯйдод дар кишвар иншооти бузурги варзишӣ сохта шуданд, ки даҳҳо ҳазор нафар мухлисонро пазироӣ карда метавонанд.

Тарҳ ва шакли ҷолибу ғалатии онҳо таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи футболро ба худ ҷалб мекунанд.

Ҳамаи майдонҳои боҳашамати варзишӣ дар масофаи наздик ба ҳамдигар ҷойгиранд ва мухлисоне, ки ба Қатар омадаанд, метавонанд тариқи метро ба осонӣ аз яке ба дигаре раванд.

Мо лоиҳаҳои ҷолибтарини иншооти варзишии чемпионатро манзуратон мегардонем:

1. Варзишгоҳи миллӣ

Макон - шаҳри Лусаил

Ҷойи нишаст - 86 250

Номи дигараш – «Лусаил Айконик» 

Дар варзишгоҳ бозии финалии чемпионати футболи ҷаҳон баргузор мешавад.


Ҳаҷми ғунҷоиши варзишгоҳ пас аз чемпионати ҷаҳон то 20 000 ҷойи нишаст кам карда мешавад.

Тарҳрезии он аз рақси рӯшноӣ ва сояе, ки чароғҳои анъанавӣ меандозанд, илҳом мегирад. Варзишгоҳ таҷассуми равшани ҷаҳони ислом ва араб буда, нақши зарфу косаҳо ва ашёи фарҳангии ин минтақаро нишон медиҳад. Ба ҷуз Финал, варзишгоҳ 6 бозии марҳилаи гурӯҳӣ ва 3 бозии плей-офф бо шумули нимфиналро қабул мекунад.

Варзишгоҳ дар 15 километр шимолтар аз маркази Давҳа воқеъ буда, бо зебу зинати хосаш яке аз иншооти асосии шаҳри нави Лусаил мебошад.

2. Варзишгоҳи 974

Макон – шаҳри Давҳа

Ғунҷоиш - 40 000

Варзишгоҳи 974 дар ноҳияи Рас Абу Абуди воҳиди маъмурии Давҳа ҷойгир буда, махсус барои чемпионати футболи ҷаҳон сохта шудааст. Варзишгоҳи 974 аз рӯи шумораи контейнерҳои боркашонӣ, ки дар сохтмони он истифода мешаванд, номгузорӣ шудааст.


Варзишгоҳи 974 варзишгоҳи муваққатист, ки дар соҳили Халиҷи Форс сохта шудааст. Он бо консепсияи ҷолиби тарроҳӣ фарқ мекунад. Варзишгоҳ аз контейнерҳои боркашонӣ сохта шуда, аз ин рӯ нисбат ба сохтмони маъмулӣ, барои он камтар масолеҳи сохтмон масраф шуд. Ба ин васила меъморон барои наслҳои оянда ибрат нишон медиҳанд. Варзишгоҳи дорои ғунҷоиши 40 000 тамошобин пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол комилан аз байн бурда шуда, масолеҳи сохтмон дубора ҳам барои тарҳҳои варзишӣ ва ҳам барои сохтмони иншооти ғайриварзишӣ истифода хоҳад шуд. Бо тамошои бозӣ дар ин варзишгоҳ, мухлисон метавонанд бидуни муболиға бигӯянд, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳониро дар варзишгоҳе тамошо кардаанд, ки ҳеҷ каси дигар наметавонад аз он боздид кунад.

3. Варзишгоҳи «Эл-Тумама»

Маконшаҳри Давҳа

Ғунҷоиш - 40 000

“Ат-Тумама” гуфтани номи ин варзишгоҳ дуруст аст.


Дар таҳияи тарҳи варзишгоҳи Ат-Тумама аз “кӯфия, сарпӯши кушодаи мардона, ки ҷузъи муҳими либоси анъанавии ин минтақа аст, илҳом гирифта шудааст. Ин варзишгоҳ фарҳанг, таърих ва рамзҳои минтақаро таҷассум мекунад.

Пас аз анҷоми мусобиқот ҷойи нишасти варзишгоҳ то 20 000 нафар кам шуда, курсиҳои зиёдатӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳадя хоҳанд шуд. Ин иқдом саховатмандии ҳарчи бештари Қатарро инъикос менамояд.

Дар ҷойи минбарҳои болоӣ бутик-меҳмонхона ва дар қаламрави варзишгоҳ филиали дар ҷаҳон маъруфи клиникаи «Aspetar Sports Clinic» пайдо мешавад. Ба ин тариқ, варзишгоҳ пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол низ солҳои тӯлонӣ барои ҷомеаи маҳаллӣ муфид хоҳад буд.

4. Варзишгоҳи «Ал-Байт»

Макон - шаҳри Эл-Хор

Ғунҷоиш - 60 000


Варзишгоҳ дар шаҳри Эл-Хор ҷойгир буда, дар ин макон аксарият барои дарёфти марворид ба об ғӯта мезананд ё ба моҳидорӣ машғул мешаванд. Иншоот дар шакли «байт аш-шаар», хайма сохта шудааст, ки дар тӯли асрҳо қабилаҳои бодиянишини Қатар аз он истифода мекарданд. Тарҳи инноватсионии он матои дар шамол алвонҷхӯрдаро, ки манзили анъанавии бедуинҳо (бадавиҳо) аз он сохта мешавад, ба хотир меорад. Ин варзишгоҳ натанҳо бо тарҳи ҳайратангезаш фарқ мекунад, балки дар он ҳамчунин аз низоми беназири хунуккунии ҳаво истифода мешавад. Ин низом ҳатто дар гармтарин лаҳзаҳои мусобиқа мухлисон ва бозигаронро аз гармшавии зиёд нигоҳ медорад.

5. «Ал-Ҷануб»

Макон - шаҳри Ал-Вақра

Ғунҷоиш - 40 000 

Номи дигараш – «Ал-Вақра» 


Тарҳи варзишгоҳ ишора ба “дау”, қаиқҳои шиноварон барои дарёфти марворид аст, ки яке аз рамзҳои машҳури Қатар мебошанд. Ал-Вақра яке аз қадимтарин шаҳракҳои сераҳолӣ дар Қатар мебошад, ки муддати тӯлонӣ ҳамчун маркази марворид ва моҳидорӣ маъруф аст. Тарҳи варзишгоҳ бодбонҳои бо шамол афрохташуда, инчунин истифодаи чӯбу маводи табииро ба ёд меорад, ки ишора ба мероси фарҳангии ин минтақа аст.

6. «Эдюкейшн сити»

Макон - шаҳри Ар-Райян

Ғунҷоиш - 45 000 

Варзишгоҳи воқеъ дар иҳотаи донишгоҳҳои пешрафта ва марказҳои тадқиқотии навовар дар маркази ҳалқаи инноватсионӣ қарор дорад. Ҳам низомҳои хунуккунии беназир ва ҳам майдонҳои сабзи атрофи варзишгоҳ гувоҳӣ медиҳанд, ки он бо назардошти меъёрҳои рушди устувор ва бо ҳадафмандӣ барои оянда сохта шудааст.


Ғунҷоиши ин варзишгоҳи монанд ба алмос дар аввал 45 000 ҷойро ташкил дода, аммо пас аз анҷоми мусобиқот то 25 000 ҷойи нишаст кам карда мешавад ва курсиҳои зиёдатӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳадя хоҳанд шуд.

Варзишгоҳ ҳамагӣ 7 км дуртар аз маркази шаҳр ҷойгир аст, аз ин рӯ, ҳар як мухлис метавонад бофароғат ва хуш гузаронидани вақтро ба хоҳиши худ интихоб кунад: метавонад ба голф машғул шавад ё ба мағозаҳо харид равад.

7. «Аҳмед бин Алӣ»

Макон - шаҳри Ар-Райян

Ғунҷоиш - 44 740

Тарҳи варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ” рамзҳои Қатарро дар бар гирифта, ба ин васила зебоии биёбон ва фарҳанги онро инъикос мекунад. Сокинони минтақа бо эҳтиром ба анъана ва меҳмоннавозии самимонаашон шуҳрат доранд, ки бо он мухлисони чемпионатро пешвоз мегиранд.


Стадион махсус барои Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар ҷои дигар варзишгоҳ сохта шудааст. Дар ин минтақа инчунин як маркази нави тиҷоратӣ ва фароғатии The Mall of Qatar ҷойгир аст. Пас аз анҷоми мусобиқот шумораи ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ ду баробар кам шуда, барои эҳтиёҷоти ҷомеаи маҳаллӣ мувофиқтар мешавад. Варзишгоҳ дар канори биёбон сохта шуда, ба шаҳр тариқи шоҳроҳи нав пайваст аст.

8.  «Халифа»

Макон - шаҳри Давҳа

Ғунҷоиш - 45 000

Варзишгоҳи байналмилалии “Халифа” аз соли 1976 инҷониб варзишгоҳи асосии футболи Қатар дониста шуда, асос ва таҳкурсии мероси варзишии кишвар маҳсуб меёбад. Тарҳи варзишгоҳ рамзи ногусастании робита ва анъанаҳои мухлисон аст. Дар ҷараёни корҳои навсозӣ барои омодагӣ ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳон ду пештоқи нави дугона илова карда шуд.


Варзишгоҳ дар масофаи 10 км аз маркази шаҳр ҷойгир буда, рафтан ба он хеле қулай аст. Варзишгоҳ як қисмате аз маҷмааи густардаест, ки дар он аз ҷумла Маркази олимпии навъҳои варзиш дар оби Қатар ва павилони бомпӯш, инчунин маркази тиҷорату фароғати “The Villaggio Mall”, парк ва меҳмонхонаи “The Torch Doha” воқеъ мебошад. Дар варзишгоҳ инчунин Осорхонаи варзишӣ ва Ҳаракати олимпии Қатар ҷойгир аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.