Толибон* дастур додаанд, ки ба занон дигар иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳиро надиҳанд. Ин фармон пас аз як эълони васеътаре, ки дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад, содир шуд.
"Полиси ахлоқи"-и гуруҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дастур додааст, ки аз ин пас дар Афғонистон ба занон иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳӣ дода нашавад. Дар ин бора “DW” хабар медиҳад.
Ин мамнӯъият ба як қатор маҳдудиятҳои озодии занони Афғонистон, ки аллакай бо он рӯбарӯ ҳастанд, илова мешавад, зеро Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 маҳдудиятҳоро ҳамвора дар ҳаёти ҷамъиятии зҳанону духтарон афзоиш медиҳанд.
Сухангӯи вазорати амр ба маъруфи Толибон ба хабаргузории “DW” тасдиқ кардааст, ки ба занон иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳӣ манъ аст.
Ду корманди парк, ки ба далели амниятӣ нахостаанд номҳояшон ифшо шавад, ба хабаргузории Reuters гуфтаанд, Толибон ба онҳо фармон додаанд, ки занонро ба боғҳои худ иҷоза надиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан вазорати амр ба маъруфи Толибон қарореро содир карда буд, ки гуфта мешуд, боғҳо бояд аз рӯи ҷинс ҷудо карда шуда, чанд рӯз барои занон низ ихтисос дода шавад.
Ин қарор бештар дар ҳама боғҳои тафреҳӣ, аз ҷумла ҷойҳои кушод ва ҳаммомҳои ҷамъиятӣ татбиқ карда мешавад.
Ин гурӯҳ ҳамчунин ба занон гуфтааст, ки бидуни хешовандони мард аз хона берун нашаванд ва рӯяшонро пӯшанд.
Занон ҳамчунин аз вазифаҳои хизматии давлатӣ хориҷ карда шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мардон онҳоро дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва баъзе самтҳои фаъолияти полис ишғол карда наметавонанд.
Ин ҳама дастурҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон дар ҳоле пурзӯр мешавад, ки Толибон ваъдаи эҳтиром ба ҳуқуқи занро додаву ваъда ҳам супоридаанд, ки дар оянда шароити зисти озодонаи занонро таъмин хоҳанд кард. Иддаое, ки аксарият ба он бо шубҳа менигаранд ва бовар надоранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста