Сарбозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки маҳз фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон сабаби суқути низом дар ин кишвар шуд.

Хабаргузаории “aamajnews” бо такя ба манбаъи худ дар SIGAR дирӯз, 17-уми ноябр, навиштааст, ки фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ ва ҳукуматдориаш бо як ҳалқаи баста аз чеҳраҳои вафодор ба ӯ, боиси суқути Кобул шудааст.

SIGAR набудани боварии шахсиятҳои сиёсии Афғонистонро барои хурӯҷи Амрико аз авомили дигари фурӯпошии ин низоми гуфтааст

Сарбозраси вижаи Амрико барои  Афғонистон бо ишора ба ҳузури бист солаи нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар афзудааст, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ намепазируфт, ки Амрико аз Афғонистон хориҷ шавад.

Бар асоси таҳқиқии SIGAR, музокироти мустақими Амрико бо Толибон*, давлати Афғонистонро ба ҳошия ронд ва мавқеъи ҳукумат Афғонистонро дар музокирот сулҳ заъиф ва ҷойгоҳи Толибонро тақвият кард.

Лаҳзаҳои фирори Ғанӣ аз Кобул.15.08.2021

Тибқи ин гузориш имзои тавофуқномаи Давҳа миёни Толибон ва Амрико, Толибонро «ҷасуртар» кард ва онон ба таври физояндае ба шикаст додани давлати Афғонистон дар майдони ҷанг мутамаркиз шуданд.

Ин гузориш дар ҳолест, ки пас аз тасаллути дубораи Толибон ба Афғонистон омилҳои бисёре аз сӯи мақомҳои амрикоӣ ва ҳукумати пешини Афғонистон дар пайванд ба суқути низом матраҳ шудааст.

Изҳороти навбатии SIGAR дар ҳолест, ки ин ниҳод моҳи июни соли раовн дар як гузориши таҳқиқӣ эълон карда буд, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор аз Кобул маблағи камтар аз як миллион долрро бо худ бурдааст. Аммо пештар манбаъҳои гуногун эълон карданд, ки ӯ наздик ба ба 170 миллион долларро бо худ бурдааст. 

Ашраф Ғанӣ пештар ҳам дар чанд мусоҳиба ва паёмҳои видеоӣ иттиҳоми бурдани пулро рад карда буд. Ғанӣ, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор карда буд, он замон гуфта буд, ки «ман фақат бо як воскат ва чанд даст либос рафтам, ин иттиҳомот дурӯғҳои беасос аст».

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.