Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки пешвои гурӯҳ Абӯҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ дар ҷанг кушта шудааст ва ба ҷойи ӯ таъин шудани роҳбари навро эълон кард, хабар медиҳад Al Arabiya.
Гуфта мешавад, Ҳошимӣ “дар ҷанг бо душманони Худо” кушта шудааст. Ҳолатҳо ва рӯзи ҳалокати ӯ зикр нашудааст. Дар бораи ӯ маълумоти зиёд нест: аввали соли равон роҳбари гуруӯҳ шуд, ироқӣ ва 42 сол дошт.
Гурӯҳ номи пешвои нави худро низ эълон кард - Абӯ ал-Ҳусейн ал-Ҳусейни ал-Қурайшӣ.
Пас аз пешрафтҳои босуръат дар Ироқу Сурия дар соли 2014, вақте ки ДОИШ қаламравҳои васеъро забт кард, “хилофат”-и худхонда зери мавҷи ҳамлаҳо фурӯ ғалтид. ДОИШ соли 2017 дар Ироқ ва ду сол баъд дар Сурия шикаст хӯрда, аммо бахшҳои хуфтаи ин гурӯҳ мисли пешин дар бораи ҳамлаҳо дар ҳарду кишвар идома дода, аз ҳамлаҳо ба дигар кишварҳои ҷаҳон хабар медиҳанд.
Пешвои пешини ДОИШ Абӯ Иброҳим ал-Қурайшӣ моҳи феврали соли равон дар ҷараёни рейди ИМА дар музофоати Идлиби шимоли Сурия кушта шуд. Пешвои аз ӯ пештар Абӯ Бакар ал-Бағдодӣ низ дар Идлиб моҳи октябри соли 2019 кушта шуда буд.
Дар Дубай тоҷикистониеро ҷустуҷӯ доранд, ки миллион доллар бурд кард
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста