Тасмимҳои занситезонаи ахири Толибон*, ба вижа манъи фаъолияти онҳо дар созмонҳо ва муассисаҳои ғайридавлатӣ, вокунишҳои густурдаеро дар сатҳи Афғонистон ва байналмилалӣ барангехт. Теъдоде аз мақомҳои кишварҳои ғарбӣ дастури манъи кори занон дар Афғонистонро як тасмими «ғайримасъулона» хондаанд.
Созмонҳои байналмилалӣ низ ин тасмими Толибонро «нақзи ошкори усули башардӯстона» тавсиф карда, аз паёмадҳои ногувори он дар ояндаи наздик ҳушдор додаанд. Ҳамчунон, ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар ду рӯзи гузашта дасти кам панҷ муассисаи хориҷӣ дар эътироз ба ин тасмими Толибон фаъолияти худро дар Афғонистон мутаваққиф кардаанд. Мақомҳои кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои байналмилалии башардӯстона ва чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ва байналмилалӣ аз раҳбарони Толибон хостаанд то дар бораи тасмимҳои занситезонаи худ таҷдиди назар кунанд.
Вокуниши кишварҳо ба тасмими Толибон
Антони Блинкен, вазири хориҷаи ИМА низ ба ин тасмими Толибон вокуниш нишон дод. Ӯ дастури манъи кори занон ва духтарони Афғонистон дар муассисаҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷиро як иқдоми вайронгар барои Афғонистон тавсиф кард. Блинкен ҳушдор дод, ки ин тасмими Толибон метавонад раванди ирсоли кумакҳои ҳаётии башардӯстона ба миллионҳо шаҳрванди Афғонистонро бо чолиш мувоҷеҳ созад.
Том Вест, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон, як рӯз пас аз судури дастури манъи кори занон аз сӯи Толибон дар Твиттер навиштааст: “Фармони Толибон, ки занонро аз кор дар расонидани кумакҳои башардӯстона манъ мекунад, бисёр ғайримасъулона аст. Ин тасмим хатароти маргбореро барои миллионҳо инсоне, ки ба кумакҳои ҳаётӣ муттакӣ ҳастанд, ба бор меовард. Толибон ибтидоитарин масъулиятҳои худро дар баробари мардуми худ нодида мегиранд”.
Мақомҳои аршади давлати Норвегия низ ба ин тасмими Толибон вокуниш нишон додаанд. Анникен Ҳойфелдт, вазири хориҷаи Норвегия, гуфт: “Ин тасмим бояд ҳарчи зудтар бекор шавад. Норвегия якҷо бо шарикони худ авзоъро баррасӣ ва посухи муносибе содир хоҳад кард”.
Иттиҳодия Аврупо низ аз тасмими мамнуъияти кори занон дар муассисаҳо интиқод кард. Сухангӯи Ҷозеп Боррел, масули сиёсаи хориҷии Иттиҳодия Аврупо, гуфт, ки манъи занон аз кор дар муассисаҳои ғайридавлатӣ, маҳдудияти ҷиддӣ бар истифода аз ҳуқуқи башарӣ ва озодиҳои сиёсии ин қишри ҷомеа аст.
Вокуниши созмонҳои байналмилалӣ
Стефан Дуҷаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо нашри баёниае гуфт, ки Антонио Гуттериш, дабири кулли ин созмон, аз шунидани хабари манъи кор занон дар муассисаҳо нороҳат шудааст. Бар бунёди маълумоте, ки дар ин баёния дарҷ аст, таваққуфи кори занон дар созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон раванди ироаи кумакҳои башардӯстона ва ҳаётӣ ба 28 миллион ниёзмандро тазъиф хоҳад кард.
Кумитаи байналмилалии наҷот (IRC) гуфт, ки аз тасмими Толибон дар бораи мамнуъияти кори занон дар муассисаҳои ғайриҳукуматии дохилӣ ва хориҷӣ ноумед шудааст. Ин кумита дар Афғонистон беш аз се ҳазор корманди зан дорад. Ин ниҳод байналмилалӣ ҳузури занон дар расонидани кумакҳои башардӯстона ва расидагӣ ба ниёзмандон дар Афғонистонро муҳим унвон карда ва хостори лағви ин тасмими Толибон шуд.
“Ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ”
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ тасмими ахири Толибонро сахт интиқод карда, онро “ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ” хонд.
Ҷабҳа бо нашри эъломияе ҳушдор додааст, ки манъи таҳсил ва кори занон натанҳо ояндаи Афғонистонро ба хатар меандозад, балки сабаби бештар шудани бадбахтӣ ва фақр мешавад ва «бадтарин» тасвир аз ин кишвар ва мардуми онро ба ҷаҳониён ироа мекунад.
“Яқинан ин охирин иқдоми Толибон нахоҳад буд, онҳо шароити зиндагии мардуми кишварро вазнинтар карда, бесуботиро ташдид ва душмании ин гурӯҳ бо арзишҳои миллӣ ва байналмилалиро возеҳтар месозад”, - навишта шудааст дар ин эъломия.
Посухи Толибон ба даъватҳои ҷомеаи ҷаҳон
Дар ҳамин ҳол, Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дар посух ба вокунишҳову дархостҳои ҷомеаи байналмилалӣ гуфтааст, ки Толибон ба ҳеҷ ваҷҳ аз тасмими худ даст нахоҳанд кашид, махсусан зери фишор. Ӯ аз дархости Амрико ҷиҳати таслими Усома бии Лодан, террористи кушташуда ёдовар шуда, гуфтааст, бо вуҷуде, ки ИМА ба Афғонистон ҳуҷум кард, мо аз тасмими ниҳоии худ даст накашидем.
Дар пайи судури ин дастури тозаи Толибон, дар ду рӯзи гузашта дасти кам панҷ муассисаи хориҷӣ аз таваққуфӣ фаъолитҳои худ дар Афғонистон хабар доданд. Кормандони муассисаҳои DRC, Safed Children, Intersas ва SCA ба рӯзномаи “8 субҳ” таъйид кардаанд, ки 25-уми декабр номае аз сӯи раҳбари ин муассисаҳо дарёфт кардаанд, ки аз онҳо хоста шудааст, то ба маҳалли кор нараванд. Аз ин пеш, 24-уми декабр, дар пайи дастури мамнуъияти кори занон дар муассисаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, яке аз муассисаҳо дар вилоят Қандаҳор, ки 120 корманди зан дошт, фаъолияташро мутаваққиф кард.
Ҳудуди як ҳафта пеш аз судури ин дастур, Толибон таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусиро манъ карданд. Ин иқдоми Толибон низ вокунишҳои тунди донишомӯзони духтар ва писар, шаҳрвандон, чеҳраҳои сиёсӣ ва мақомҳои аршади кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошт. Шуморе аз олимони дин ба вижа пештозони улуми динӣ дар донишгоҳи Ал-азҳари Миср гуфтаанд, ки ин иқдоми Толибон ҳеҷ мутобиқате бо усул ва мавозини исломӣ надорад.
Толибон аз ин пеш низ маҳдудиятҳои бешуморе ба фаъолитҳои занон ҷорӣ кардаанд. Бастани мактабҳо ба рӯй духтарони болотар аз синфҳои шашум, манъи вуруди занон ба ҳаммомҳои занона, ороишгоҳҳо ва мавзеъҳои тафреҳӣ аз дигар маҳдудиятҳое аст, ки дар ҳудуди якуним соли гузашта аз сӯи Толибон ба занон дар Афғонистон ҷорӣ шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста