Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, бо ин, ки Ҷабҳа ҳанӯз дар ибтидои роҳ аст, аммо дар вазъияти хубе қарор дорад. Ӯ ин суханони худро зимни як мусоҳиба бо рӯзноманигор Муҳаммадҳусайн Ҷаъфариён баён кардааст.

Қабл аз ҳама, Аҳмад Масъуд кушта шудани Хайрмуҳаммади Андаробӣ, яке аз фармондеҳои Ҷабҳаро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки “сабаби шикасти нерӯҳои Хайрмуҳаммади Андаробӣ дар минтақаи Пули Ҳисор Бағлон набуди лавозимоти ҷангӣ буд”.

Ӯ гуфтааст, ки “инро на бо хунукназарии фармондеҳ, балки бо хусусиятҳои ҷанги чиррикӣ шарҳ медиҳанд — вақте ки ҳаракат дар мадди аввал меистад, шумо бисёр лавозимоти ҷангиро ба души худ гирифта наметавонед”.

Дар умум, Аҳмад Масъуд фаъолияти ҷабҳаро мусбат арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки фаъолияти он густариш пайдо мекунад.

“Дар якуним соли гузашта фаъолитҳои Ҷабҳа ба дигар шаҳрҳо густариш пайдо карда, корҳо назм ва тартиб ёфтанд ва зарфиятҳо дар ҳоли афзудан аст”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд.

Ба гуфтаи раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, бархилофи он чӣ дигарон тасаввур мекарданд, ҳоло Ҷабҳа дар шароити беҳтаре қарор дорад.

“Ба хотири озодӣ ва ҳуқуқи мардуми Афғонистон мубориза мекунем, ва масире, ки интихоб кардем, масири ҳақ ва дуруст аст ва дар ин масир ҳаракат мекунем ва пеш меравем... Мо хун медиҳем, аммо аз масири худ намегузарем”, - таъкид кардааст Аҳмад Масъуд.

Ӯ бо ишора ба кумакҳои миллиондолларӣ ба Толибон*, судҳои ҳангуфт аз бозорҳои ҷаҳонии маводи мухаддир ва ҳимоят ин гурӯҳ аз сӯи созмонҳои террористӣ ва истихбороти минтақа гуфтааст, дар ҷанге қарор доранд, ки “дар ҳеҷ гӯшае аз ҷаҳон, омӯзиши муқобила бо он дода намешавад, аммо таҷриба надоштан далели он намешавад, ки аз арзишҳо ва масъулиятҳои худ дар баробари хок ва мардуми хеш даст бикашанд”.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст: “Рӯзона ҳазорон дархост барои пайвастан ба сафҳои неруҳои Ҷабҳа аз сӯи мардуми Афғонистон дарёфт мекунад, ки ба зудӣ аз ин зарфиятҳо истифода хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, пас аз тавтеаи таслимдиҳии кишвар ба Толибон, онҳо ба суръат вориди марҳалаи ташкилотӣ шуданд ва фурсат барои сомондиҳии бештар набуда, аммо ҳоло фаъолиятҳо бештар ба тартиб оварда шуда, корҳо дар ҳоли беҳбуд аст.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон хотирнишон мекунад, ки агар Толибон камтарин арзише ба манофеъи Афғонистон, ҳарфи мардум, ҳақ, адолат ва озодӣ қоил буданд, ҳоло вазъият ин гуна набуд.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки аз манзари сиёсӣ, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дастовардҳои бисёре дар баробари Толибон доштааст ва яке аз он маворид, ба расмият нашинохтани ин гурӯҳ аст. Аҳмад Масъуд мегӯяд: “Талоши мардум мо, муқовамати ҷабҳаҳо, муқовамати занони қаҳрамони мо ва хунҳои поке, ки дар ин роҳ додем, нишон дод, ки толиб кист!”.

Ӯ аз иттиҳоди мардуми Афғонистон ёдовар шуда ва зикр намудааст, ки ин унсур метавонад рафтори “каҷ дор ва марез”-и кишварҳои ҷаҳонро низ ислоҳ кунад. Ба гуфтаи ӯ, адами машрӯъияти Толибон то имрӯз нишон медиҳад, ки дунё ва минтақа ба нияти Толибон пай бурда ва ҳатто кишварҳои исломӣ медонанд, ки рафтори Толибон ба ҳеҷ унвон бо омӯзаҳои исломӣ мутобиқат надорад.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ мегӯяд: “Шахсиятҳои бузурге дар бахши машваратӣ ва иҷроӣ дар сохтори Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз саросари Афғонистон ҳузур доранд. Ҷабҳа аз ақвом ва чеҳраҳои мухталиф ташкил шудааст ва иттихози тасмимҳо пас аз машварат ва ройзаниҳо анҷом мешавад”.

Аҳмад Масъуд ба воқеъгароӣ ишора мекунад ва мегӯяд, Ҷабҳа аз ҳеҷ по ба арсаи фаъолият гузошт ва ҳоло пас аз якуним сол ҳамачиз дар вазъияти хубе қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, мушкилот вуҷуд дорад, аммо ҳаракати пайваста барои пешрафт ва ҳалли чолишҳо низ аст то "мо шоҳиди Афғонистони озод ва обод бошем, мардум озодона зиндагӣ кунанд ва занон ҳаққи омӯзиш ва кор дошта бошанд."

Раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар ин гуфтугӯи вижа бо ишора ба интиқодҳо мегӯяд, ки ҳамвора пазироии интиқодҳои ҳама будааст, аммо шуморе ба ҷойи интиқод, “дар осиёби душман об мерезанд”.

Ӯ таъкид мекунад: “Мо ба хотири ватан ва мардуми худ ва ба хотири иззати мардуми худ истодаем ва дари Ҷабҳа ба рӯйи ҳама боз аст”.

Аҳмад Масъуд аз мунтақидон мехоҳад, ки ба ҷойи гарм кардани оташи душман, вориди амал шаванд ва саҳме дар ҳали мушкилот дошта бошанд.

“Пули фурӯши либосу соатҳои онҳо метавонад, барои як соли Ҷабҳа кофӣ бошад”, - таъкид кард Аҳмад Масъуд. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.