Толибон* дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 9 нафарро дар маҳзари омм муҷозоти саҳроӣ карда, аз ин миён дастони чаҳор нафарро ба иттиҳоми дуздӣ буридаанд. Ин хабар замоне расонаӣ гардид, ки чанд мақоми ин гуруҳ гуфт, дар манотиқи гуногуни кишвар 16 нафар аз сардӣ ҷон додаанд.
Толибон имрӯз, 17-уми январ, дар варзишгоҳи вилояти Қандаҳор ин 9 нафарро дар маҳзари омм муҷозоти саҳроӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин муҷозоти саҳроии Толибон дастони чаҳор фардеро, ки ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда буданд, дар назди чашмони мардум буридаанд.
Панҷ муттаҳами дигар, ки ба иттиҳоми робитаи пеш аз издивоҷ ва ҷурмҳои ҷиноӣ боздошт шуда будаанд, дарра зада шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз вилоят Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон низ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Толибон имрӯз як духтар ва писари ҷавонро дар маркази вулусволии Шуҳадои ин вилоят ба иттиҳоми доштани робитаи пеш аз издивоҷ дар маҳзари омм 38 шаллоқ задаанд.
Дар умум, Толибон то кунун беш аз 200 нафарро дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар мазҳари омм шаллоқ задаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 иддао карда буданд, ки “дигар Толибони соли 1996 нестанд” ва дар симои онҳо набояд “ҷоҳилу даҳшатафканро” дид, аммо бо гузашти ҳар рӯз ба он ваҳшонияте, ки дар гузашта аз худ намоиш дода буданд, бештар наздик мешаванд.
Аз ҷумла, дар аҳди дубораи Толибюон дар Афғонистон таҳсили духтарони аз синфи шаш боло манъ гардида, маҳдудият барои занҳо ҳарчӣ бештар мешавад.
Гузашта аз ин, ду моҳ қабл, Толибон аввалин қатли саҳроиро баргузор карданд, ки масъулини баландмақоми ин гуруҳ онро назорат карданд. Ҳамин тавр, раванди қатл дар мазҳари ом ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфт ва тибқи гузоришҳо, чанде пештар Толибон як нафарро дар вилояти Фароҳ ба қатл расониданд.
Идомаи тахриб ва марги 16 нафар аз сардӣ
Муҷозоти саҳроӣ аз сӯйи Толибон ягона аъмоли ваҳшатбарангези ин гуруҳ набуда, ин гуруҳ дар идомаи вайрон кардани муҷассама ва дигар осори миллӣ ва фарҳангӣ дар Афғонистон, ин бор "Муҷассамаи аспҳо"-ро дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, тахриб карданд. Наворе, ки рӯзи шанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, афтодани "Муҷассамаи аспҳо"-ро дар чорроҳаи "Комгор"-и шаҳри Мазори Шариф нишон медиҳад.
Муҷассамаҳои чанд асп ва аспсаворон дар чаҳорроҳии "Комгор"-и шаҳри Мазори Шариф, ки чанд сол пеш ва дар даврони раҳбарии Атомуҳаммади Нур бар вилояти Балх сохта шуда буд, рамзе аз бозии гурӯҳии суннатии бузкаширо нишон медод. Бузкашӣ дар миёни қавмҳои шимоли Афғонистон аз даврони гузашта ба мерос мондааст.
Толибон чанд рӯз пештар бузкашӣ ва бозии футболро низ дар манотиқи алоҳидаи кишвар манъ карданд. Онҳо гуфтанд, ин ду бозӣ ба дин рабт надорад.
Замоне, ки Толибон бо муҷозоти саҳроии худ машғуланд, дар манотиқи гуногуни Афғонистон даҳҳо нафар аз сардиҳо ба ҳалокат мерасанд.
Тибқи иттилое, ки расонаҳои Афғонистон ироа кардаанд, теъдоди қурбониёни сардиҳо аз вилоятҳои Бодғис, Форёб, Нимрӯз ва Ғазнӣ ба 16 нафар расидааст.
Мулло Ҷонон Соиқ, раиси бахши коҳиши хатарҳо дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати Толибон дар як навори видеоӣ гуфтааст, ки бар асари барфборӣ ва сармо дар ин кишварҳо 16 нафар ҷон бохтанд. Ба гуфтаи ӯ, аз 3 то 4 ҳазор чорво низ талаф шудаанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кардаанд, ки теъдоди вафоткардаҳо бар асари сардиҳо шояд бештар аз он арқоме бошад, ки мақомоти Толибон эълон намуда буданд.
Сардиҳои шадид, ки ҳоло дар минтақа ҳукмфармост, дар Афғонистон боиси эъҷоди мушкилоти зиёд барои сокинон гаштааст. Ҳоло вазъи инсонӣ дар Афғонистон ногувор мебошад, чун кӯмакҳои башардӯстона зери таъсири масоили сиёсӣ қарор гирифтааст. Аз як сӯи зимистон сард, аз сӯи дигар бекорӣ ва сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон ва маҳдудиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъияти мардумро душвор кардааст. Дар ҳоли ҳозир мардуми Афғонистон аз ҳама бештар ба кӯмакҳои башарӣ ниёз доранд.
Дар чунин ҳолат, Толибон фаъолияти занон дар ташкилотҳои хориҷиро манъ карданд, ки ин ба баста гардидани дари даҳҳо ташкилоти кӯмакрасон дар Афғонистон оварда расонид.
Эълони муассисаи Ҳимоят аз кӯдакон (Save the Children) дар рӯзи душанбе шамъе дар торикиро мемонад. Ин созмон гуфт, ки фаъолияти худро дигарбора оғоз мекунад, зеро мақомҳои Толибон ваъда додаанд, ки ба фаъолияти кормандони зани ин муассиса мухолифат надоранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста