Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон аз Ӯзбекистон хостааст, ки дар асоси паймоне, ки барои интиқоли барқ ба Афғонистон бастааст, амал кунад. Дар ин бора Тулӯънюз хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Амирхон Муттақӣ рӯзи якшанбе зимни нишасте дар Кобул, аз Тошканд интиқод кардааст, ки интиқоли барқро ба Афғонистон дар шароити душвор қатъ кардааст.
“Ба ваъдаи худ пойбанд бимонанд. Бо ширкати “Брешно” (Корхонаи миллии барқи Афғонистон ё DABS) таъаҳҳуд шудааст, ки Ӯзбекистон ба Афғонистон барқро интиқол хоҳад дод. Мутаассифона онҳо интиқоли барқро акнун қатъ кардаанд ва шаҳрвандон бо чолишҳо рӯбарӯ шудаанд”, - истинод мекунад Тулӯънюз.
Бархе аз сокинони Кобул ба Тулӯънюз гуфтаанд, ки бо сард шудани ҳаво маҳдудияти интиқоли барқ афзоиш ёфтааст ва аз як ҳафта боз, як соат ва ё камтар аз як соат дар як шабонарӯз барқ доранд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати “Брешно” камбуди барқро таъйид кардааст, аммо итминон додааст, ки талошҳо барои коҳиши маҳдудияти интиқоли барқ ҷараён дорад.
Афғонистон бахши бузурге аз барқи мавриди ниёзашро аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон ворид мекунад ва акнун, ки барқи воридотӣ аз бархе ин кишварҳо қатъ шудааст, Кобул ва дигар вилоятҳои ин кишвар бо камбудии шадиди барқ рӯбарӯ шудаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пештар ширкати “Брешно” бо ширкати “Барқи тоҷик”-и Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли барқ созишномаро тамдид намуд. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ин як қарордоди иловагии ҳанӯз соли 2008 баимзорасида ба созишномаи байни ҷонибҳо мебошад ва "имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад".
Ёдовар мешавем, ки Толибон* пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 ба мушкили зиёди молиявию гуманитарӣ рӯбарӯ шуданд ва аксари кишварҳои ҷаҳон аз равобити мустақим ба ин гуруҳ канора ҷустанд. Ҳоло ин давлат бӣо чанд кишвари минтақа равобити ғайрирасмӣ дорад. Аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Миёна низ танҳо барои хариди барқ ва интиқоли маводи ғизоӣ равобит барқарор кардаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
ФИФА хариди футболбози навро ба дастаи “Равшан” манъ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 1
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2025
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста