Пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз сӯи Толибон*, занон ба маҳдудиятҳои густурда дучор шуданд. Ба ҷуз аз занони эътирозгар ва мухолиф бо низоми Толибон, ки боздошт ва ба зиндон фиристода шуданд, занони дигар низ ба далоили мухталиф ва бидуни содир кардани ҷинояти мушаххас зиндонро таҷриба кардаанд.
Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистон яке аз вилоятҳое аст, ки занон таъми талхи зиндони Толибонро чашидаанд. Дар гузориши хабаргузории “8-и субҳ” қиссаҳои заноне, ки иддао доранд, аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон боздошт ва зиндонӣ шудаанд, матраҳ шудааст.
Боздошту зиндонии занон дар Ҳирот
Бинобар омори дастрасгардида, дар нимаи дуввуми соли 2022, дар маҷмӯъ 77 зан дар Ҳирот аз сӯи Толибон ба далоили мухталиф зиндонӣ шудаанд.
Дар шаш моҳи ахири соли 2022 дастикам 75 зан бо сабабҳои гуногун бидуни исботи ҷинояташон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Дар байни онҳо 45 зан ба кирдорҳои ғайриқонунӣ, 14 зан ба фирор аз хона, 5 зан ба фурӯши маводи мухаддир, 5 зан ба куштор, 1 зан ба қочоқ, 2 зан бо иттиҳоми дуздӣ, 1 зан бо иттиҳоми қаллобӣ дар издивоҷ ва 1 зани дигар аз ҷониби Толибон бо иттиҳоми бурдани силоҳи ғайриқонунӣ боздошт ва муддате зиндонӣ шуданд.
Толибон пас аз боздошт занонро ба зиндони Ҳирот мунтақил карданд ва ба гуфтаи манобеи ин зиндон, бо гузашти моҳҳо то ҳол алайҳи ин занони зиндонӣ парванда боз накардаанд.
Бар асоси мусоҳибаҳои анҷомшуда, ҳар гоҳ хонаводаҳо ва шиносони ин занон аз Толибон дар бораи сарнавишти зани зиндонӣ мепурсанд, ба онҳо гуфта мешавад, ки парвандаҳояшон дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳанӯз анҷом нашудааст.
Аксари маҳбусони зан дар зиндони Ҳирот мегӯянд, ки Толибон онҳоро бидуни содир кардани ҷиноят боздошт кардаанд. Бархе мегӯянд, ки бо гузашти се моҳ то ҳол мурофиаи онҳо баргузор нашудааст.
Тавре ки занони маҳбус нақл мекунанд, дар моҳҳои аввали ҳукмронӣ бар кишвар Толибон барои хароҷоти зиндон аз ҳар як зани маҳбус ҳар моҳ аз 4000 то 4500 афғонӣ ҷамъ мекарданд. Ҳоло бошад, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх хароҷоти куллии ин маҳбусонро бар ӯҳда гирифтааст.
Саъдия – зане, ки танҳо дар кӯча буд...
Саъдия (ном иваз шудааст) аз занони маҳбуси зиндони Ҳирот аст. Се моҳ пеш, вақте ки ӯ ба манзилаш мерафт, аз сӯи Толибон бо иттиҳоми доштани равобити ғайриқонунӣ боздошт шуда буд.
Саъдия мегӯяд, ки як посбони Толибон аз ин маҳал мегузашт ва вақте ба ӯ расид, мошинро боздошт ва яке аз фармондеҳони Толибон ба нерӯҳои худ дастур дод, ки ӯро боздошт кунанд. Саъдия меафзояд, фармондеҳи Толибон ба нерӯҳои худ гуфтааст, ки ин зан шубҳанок аст.
Саъдия ҳоло бо иттиҳоми "фасоди ахлоқӣ" дар зиндони Ҳирот умр ба сар мебарад ва дар се моҳи гузашта парвандае барои ӯ ташкил нашудааст.
Саъдия чӣ гуна ӯро Толибон боздошт карданд, нақл мекунад: “Ман бо шавҳарам дар ин минтақа будам. Дар ҷое кор дошту рафт. Ба ман гуфт, ки дар мошин нишаста, ба хона равам. Ман интизори мошинҳо будам, аммо посбони Толибон дар паҳлӯям истода, маро бо иттиҳоми доштани равобити ғайриқонунӣ боздошт карданд”.
Се моҳ мешавад, ки Саъдия бидуни содир кардани ҷиноят дар зиндони Ҳирот маҳбус аст ва то ҳол парвандааш ҳал нашудааст. Саъдия меафзояд: “Ман барои худ адвокат киро кардам ва то ҳол чизе маълум нест. Ҳатто мурофиаи додгоҳӣ баргузор нашудааст”.
Файз Аҳмад (ном иваз шудааст), шавҳари Саъдия иттиҳоми Толибон алайҳи ҳамсарашро беасос медонад ва мегӯяд, ки Толибон ҳамсари ӯро бидуни ҳеҷ ҷинояте боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Файз Аҳмад мегӯяд: “Соат 4:00-и бегоҳ буд. Ман барои харидории протеин (ғизои иловагии варзишгарон) рафтам, аз ин рӯ, ба занам гуфтам, ки ба хона равад”.
Файз Аҳмад ин амали Толибонро хилофи шариат ва башарият арзёбӣ мекунад. Саъдия ва шавҳараш то ҳол шикоят доранд, ки Толибон онҳоро дар миёни мардум бадном кардаанд ва акнун бояд пас аз раҳоии Саъдия минтақаро тарк карда, ба муҳоҷират раванд.
Қурбонии издивоҷи маҷбурӣ
Орифа яке аз духтарони ҷавон дар зиндони Ҳирот аст. Толибон ӯро барои фирор аз хона боздошт карданд. Орифа 19 сол дорад ва қурбонии издивоҷи маҷбурӣ шудааст.
Ин духтари ҷавон мегӯяд, ки пас аз издивоҷ ва чанд шаб дар хонаи шавҳараш, бидуни огоҳӣ ба хонаводаи шавҳар маҷбур шуд, ба хонаи падараш равад, аммо Толибон ӯро бо иттиҳоми фирор аз хона бо шикояти падарарӯсаш боздошт кардаанд.
Орифа мегӯяд, ки хонаводааш дар айёми кӯдакӣ ӯ ва хоҳари хурдиашро ба ивази ҳамсари бародараш иваз карда буданд, аммо ӯ ҳанӯз кӯдак буд ва аз зиндагии оилавӣ чизе намедонист. Ин зиндонӣ меафзояд: “Ману хоҳари хурдиамро ба дигар оила дода, аз он сӯ духтари ононро ба бародарам келин карданд". Орифа меафзояд: "Дар синни 15-солагӣ ману хоҳарамро ба шавҳар доданд. Аз зиндагӣ чизе намедонистам".
Орифа мегӯяд, издивоҷи иҷборӣ ҳатто ӯро барои ин зиндагӣ омода карда натавонист ва пас аз тақрибан як моҳ дар хонаи шавҳар будан маҷбур шуд, ин хонаро тарк карда, ба хонаи падараш баргардад: “Дар он хона зиндагӣ кардан барои ман ғайриимкон буд. Субҳ шуд, аз хонаашон баромада, ба хонаи падарам рафтам”.
Баъди ин ҳодиса хонаводаи шавҳари Орифа ба Толибон хабар доданд ва Толибон ӯро аз хонаи падараш боздошт ва ба иттиҳоми фирор аз хона зиндонӣ карданд.
Ин духтари ҷавон чаҳор моҳ мешавад, ки дар Ҳирот зиндонӣ аст, аммо барои рӯшан кардани сарнавишти ӯ додгоҳе баргузор нашудааст.
Ҳамчунин, Фариба аз ҷумлаи занони дигар аст, ки бо иттиҳоми иртибототи берун аз никоҳ боздошт шудааст. Ӯ мегӯяд: “Се моҳ мешавад, ки дар зиндон ҳастам. Мунтазири баргузор шудани мурофиаи судӣ ва баровардани қарори ниҳоӣ ҳастам, вале то ҳол баргузор нашудааст ва мегӯянд, парвандаи ман дар ҳоли тафтиш аст”.
Дархости раҳоӣ аз зиндони Толибон
Саъдия, Орифа ва Фариба танҳо се мисоли даҳҳо маҳбусоне ҳастанд, ки моҳҳо дар зиндони Толибон бидуни содир кардани ҷиноят нигоҳ дошта мешаванд. Мақомоти зиндони Толибон наметавонанд парвандаҳоро барои маҳбусон омода кунанд ва онҳоро моҳҳо ба додгоҳ ирсол кунанд. Ин занон аз созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хоҳиш мекунанд, ки ба вазъи онҳо таваҷҷӯҳ кунанд.
Дар ҳоли ҳозир танҳо чанд созмони байналмилалӣ зиндонҳои Афғонистонро назорат мекунанд. Маҳбусони марду зан аз вазъи зиндонҳо шикоят мекунанд ва бархӯрди Толибонро ғайриинсонӣ ва бадахлоқӣ арзёбӣ мекунанд.
Дар бораи шиканҷаи маҳбусон аз ҷониби Толибон аллакай гузоришҳои зиёде нашр шудааст. Шиканҷаҳое, ки бо шаъну шараф ва шахсияти мардум дар ин аср созгор нестанд. Ҳузури даҳҳо зан дар як утоқ, ҳузури кӯдакон бо маҳбусони болиғ дар маҳбасҳо ва намии утоқҳо аз шикоятҳои зиндониёни дигар аст.
Толибон, ки чанде пеш аз лағви Додситонии кулл хабар дода, салоҳияти тафтиши парвандаҳои ҳуқуқӣ ва ҷиноиро ба додгоҳҳо супурда буданд, мегӯянд, ки ба таъмини адолати судӣ содиқанд ва талош доранд, ки ҳарчӣ зудтар парвандаҳои ҷиноиро тафтиш кунанд ва дар хаққи онҳо хукм мебароранд. То ҳол ин гурӯҳ омори мушаххаси парвандаҳои дар пешистодаро ироа накарда ва мушаххас накардааст, ки чанд маҳбус дар зиндонҳои таҳти раёсати ин гурӯҳ дар кишвар ҳастанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста