Зиёни тахминии ба Туркия аз заминларза расида ҳудуди 80 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ин кишвар Вахит Киршичи, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Sabah.

Ӯ зикр кардааст, ки зиёни молиявӣ танҳо дар Раёсати захираҳои обӣ вақте ки замони обёрии заминҳои кишт бо ёрии низоми обрасонӣ зери фишор оғоз мегардад, метавонад боз зиёдтар шавад.

Ғайр аз ин, минтақаҳои осебдида истеҳсоли маҳсулоти содиротиро 40% кам карданд, гуфтааст Киршичи. Вазир шарҳ додааст, ки ҳиссаи минтақаҳои аз офат осебида дар ҳаҷми умумии содироти Туркия ҳудуди 15,5%-ро ташкил дода, лекин ҳозир то 10% кам шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 феврал дар Туркия заминларзаи 7,7 балла рух дода, пас аз он як силсила таконҳои қувваашон нисбатан пасттар ба амал амаданд. Офати табиӣ ба Сурия ҳам таъсир кард. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба зиёда аз 46,1 ҳазор нафар расид. Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин ҳодисаро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид. Дар натиҷаи таконҳо тарқишҳо пайдо шуданд.

Эрдуғон зикр кард, ки шумори бинову иншооти аз заминларза фурӯрафта, садамавӣ ва хеле зиёд тахришуда ҳудуди 230 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дар мавриди ҳолати номуносиби бисёре аз хонаҳои тахрибшуда дар Туркия тафтишот роҳандозӣ шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ зиёни мустақимро аз заминларза дар Туркия тақрибан 34,2 млрд доллар арзёбӣ кард. Дар Бонк зикр кардаанд, ки хароҷоти таъмиру навсозии онҳо метавонад ду баробар зиёдтар шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.