Рӯзи шанбе, 27-уми май, миёни марзбонони Эрон ва ҷангҷӯёни Толибон* даргирӣ сар зад, ки боиси кушта шудани ду марзбони эронӣ ва як ҷангҷӯи Толибон шуд.

Дар ин бора рӯзноами “8 субҳ” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, фармондеҳи кулли неруҳои интизомии Эрон Толибонро ба нақзи қонунҳои марзӣ муттаҳам карда, дар вокуниш ба даргирии марзӣ бо Толибон, гуфтааст, ки нерӯҳои онҳо “шуҷоъона ва қотеъона аз марзҳо дифоъ” мекунанд ва афзудааст, ки Толибон дар қиболи ин даргирӣ посухгӯ ҳастанд.

Толибон гуфтаанд, ки даргирӣ аз тарафи марзбонони Эрон оғоз шудааст.

“Дар натиҷаи ҳамлаҳои тӯпхонаии Эрон дар Нимрӯз, 10 тан ба шумули кӯдакон ва занон захмӣ шуда, як хона тахриб гардидааст”, - навиштааст манбаъ.

Пас аз ин даргирӣ, Ҳасан Козимӣ, сафири Эрон дар Кобул, бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, дидор ва дар мавриди масоили марзӣ ва ҳаққобаи Эрон гуфтугӯ кардааст.

Пештар аз ин, Баҳром Ҳусайни Мутлақ, муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон, дар мавриди “ҳамкориҳои муштараки марзӣ” бо Молихон Садиқ, муовини қувваҳои мусаллаҳи Толибон, дар Кобул дидор кардааст.

Ин рӯзнома менависад, ки пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, ҷангҷуёни ин гурӯҳ 12 бор бо неруҳои марзии Эрон даргир шудаанд. Пас аз ҳар даргирӣ мақомҳои ду тараф ба ҳусни ҳамҷворӣ ва ҳалли танишҳо аз тариқи гуфтугӯ таъкид кардаанд.

“Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон гуфтанд, ки Толибон бо истифода аз муноқиша бар сари ҳаққоба ва танишҳои марзӣ, мехоҳанд эҳсосоти бахше аз мардумро ба фоидаи худ барангезанд ва нишон диҳанд, ки аз ин кишвар ва тамомияти арзии он дифоъ мекунанд. Ин шаҳрвандон танишҳои марзиро ба зарари миллионҳо муҳоҷири Афғонистон медонанд, ки барои кор ва зиндагӣ ба Эрон рафтаанд”, - навиштааст “8 субҳ”.

Пас аз ниҳои ахир, чанде аз чеҳраҳои фарҳангии Афғонистон изҳор доштанд, ки ин танишҳо боиси эҷоди хусуматҳои дарозмуддат мегардад ва миён ду кишвари ҳамсоя, ки равобит ва муштаракоти зиёде доранд, шикофи бузурге эҷод хоҳад кард.

Дарёи Ҳилманд

Баҳс сари чӣ аст?

Баҳси Эрон ва Толибон барои оби дарёи Ҳилманд аст. Ин дарё бо дарозии 1150 км аз тариқи Афғонистон ба шарқи Эрон ҷорӣ мешавад. Эрон даъво дорад, ки Толибонро ҷараёни об ба манотиқи шарқии кишварро маҳдуд кардааст ва бо ин, паймони соли 1973-ро нақз кардааст. Бар асоси он паймон Афғонистон ба Эрон бояд дар як сол ба ҳисоби миёна 820 миллион метри мукааб об интиқол диҳад. Кобул ин иттиҳомотро рад мекунад.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар аввали моҳи май ба Толибон ҳушдор дода буд, ки ҳуқуқи ин кишвар ба оби дарёи Ҳилмандро нақз накунанд.

Ҳудуди ҷануби марзи Афғонистону Эрон яке аз минтақаҳои хушк ва фақири ду кишвар аст, ки аҳолии он аз оби рӯдхонаи Ҳилманд сахт вобастаанд. Баҳори соли 2021 Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури фирории Афғонистон, сарбанди Камолхонро дар ин рӯдхона ифтитоҳ карда, музофотҳои Сиистон ва Балуҷдистони Эронро аз об маҳрум намуд.

Дар посух Теҳрон Афғонистонро ба нақзи паймони манобеъи оби Эрон ва Афғонистон дар соли 1973 муттаҳам кард ва дар ин замина ҳамла ба мошинҳои боркаши Афғонистон дар Эрон оғоз шуд.

Акс аз Википедия

Ёдовар мешавем, ки ҷанҷуёни гуруҳи Толибон на танҳо бо марбонони эронӣ, балки бо марбонони дигар ҳамсоякишварҳои Афғонистон борҳо вориди даргирӣ ва тирпарронӣ шуда буданд. Аз ҷумла, бо марзбонои Ӯзбекистон ва Туркманистон.

Гуруҳи Толибон, ки аксари раҳбарони он дар рӯйхати сиёҳи Созмони Миллали Муттаҳид қарор доранд, то ба ҳол аз ҷониби ягон кишвару созмоне ба расмият шинохта нашудааст. Пас аз тасаллут ба Афғонистон ин гурӯҳ барои риоя накардани ҳуқуқи инсон, ташкил накардани ҳукумати фарогир ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд барои занон пайваста мавриди интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.