Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷобаҷогузории ҷангҷӯёни покистонӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, Ҷабҳаи озодӣ мегӯяд, ки ин амали Толибон* заминаҳои ҳампазирӣ ва зисти мусолиматомези қавмҳоро нобуд мекунад. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.
Ин ҷабҳаи низомии зидди Толибон* имрӯз, 15 июн, дар изҳороте тағйири рафтори ҷамъиятӣ дар шимоли Афғонистон аз сӯйи онҳоро барномарезишуда хонда гуфтааст, “Толибон тухми нифоқ, тундравӣ ва терроризмро дар сарзамини мо мекоранд."
Бар асоси эъломияи Ҷабҳаи Озодӣ, Толибон* дар канори равобити наздик бо “Ал-Қоида”* ва “ДОИШ”* барои гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ва “Ҳаракти исломии Ӯзбекистон” дар вилоятҳои шимоли Афғонистон мусоидат кардаанд.
Ин ҷабҳа паёмадҳои интиқоли Толибони Покистон ба шимолро ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хатарнок хондааст.
Ба иттилои манбаъ пас аз нашри хабарҳо дар расонаҳо дар бораи интиқоли Толибони Покистон аз нуқтаҳои марзӣ, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин мавзӯъро таъйид кардааст.
Ӯ дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки шояд барои рафъи нигарониҳо бархе аз муҳоҷирони покистонӣ аз минтақаи марзии ду кишвар (Покистон ва Афғонистон) ба вилоятҳои шимолӣ интиқол дода шаванд.
Ин тасмими Толибон боиси нигаронии аксари шаҳрвандони Афғонистон ва ҷараёнҳои низомию сиёсии зидди Толибон шудааст.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ва Шӯрои олии муқовимати Афғонистон низ ин амали гурӯҳи Толибонро* тағйирот дар сохтори ҷамъиятии мардум дар шимоли ин кишвар хонда буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста