Идораи миллии имтиҳонҳои таҳти раҳбарии Толибон* мегӯяд, ки дар имтиҳони дохилшавӣ имсол танҳо донишҷӯёни мард ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 18-уми июл, ин ниҳод дар Твиттер навиштааст, ки мамнӯъияти ширкати донишҷӯдухтарон бо фармони хаттии Вазорати таҳсилоти олии Толибон сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки Толибон бо тасаллути дубора ба Афғонистон, монанди давраи аввали ҳокимияти худ, дари мактабҳои миёна ва литсейҳоро ба рӯи духтарон бастаанд.
Бо вуҷуди тааҳҳудоти чандинкаратаи масъулони ин гурӯҳ барои боз кардани мактабҳо, духтарони Афғонистон тақрибан ду сол боз аз таҳсил маҳруманд.
Ҳарчанд интизор мерафт, ки ин тасмими Толибон кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Зеро тақрибан ду сол пеш сарпарасти Вазорати маорифи Толибон дар бораи "муҳайё кардани фазои амн барои таҳсили духтарон тибқи шариати исломӣ" ҳарф зада буд, аммо дар поёни соли 2022 фармони мутаваққиф шудани таҳсили духтарон ноумедии духтарони Афғонистонро бештар кард.
Ба рӯи духтарон баста шудани мактабу донишгоҳҳо ҳамеша вокунишҳои миллӣ ва байнулмилалӣ доштааст, вале то ҳол ҳеҷ як аз ин вокунишҳо натиҷаи мусбат надодааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста