Намояндагони Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон ахиран дар шаҳри Исломобод тафоҳумномаи бунёди роҳи оҳани “Фароафғонӣ”-ро имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ёддошти тафоҳум дар пайи мулоқоти гурӯҳи кории се кишвар ба имзо расид, танҳо масири нави роҳи оҳани мазкур нисбат ба лоиҳаи аввала тағйир хоҳад ёфт.
“Масири роҳи оҳан аз Тирмизи Ӯзбекистон ба Мазори Шариф ва Лугари Афғонистон гузашта, дар гузаргоҳи марзии Харлочии вилояти Пактиё ба қаламрави Покистон мерасад”, - омадааст дар хабар.
Пештар барномарезӣ шуда буд, ки роҳи оҳан тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Турхам” дар вилояти Нангарҳор ба хоки Покистон ворид шавад.
Вазорати роҳи оҳани Покистон гуфтааст, ки пайвастани хатҳои роҳи оҳани се кишвар ба рушди тиҷорати минтақаӣ, таробарӣ (транзит) ва ҳамкории дуҷониба миёни кишварҳои ширкаткунанда мусоидат мекунад.
Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин дар мавриди харитаи роҳ барои таҳқиқоти техникӣ ва манбаъҳои сармоягузорӣ ҷиҳати иҷрои зудтари ин тарҳ ба мувофиқа расидаанд.
Ба гуфтаи ҷониби Ӯзбекистон, роҳи оҳани мазкур бо тӯли 760 км тавассути Афғонистон муҳлати интиқоли бор ба Покистонро тақрибан 5 рӯз коҳиш дода, хароҷоти ҳамлунақлро бошад, 40 дарсад коҳиш медиҳад.
Тахмин меравад, ки сохтмони лоиҳаи мазкур бо ҳазинаи 6 миллиард доллар то охири соли 2027 анҷом ёфта, дар соли 2030 тариқи роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар 1 сол то 15 миллион тон бор интиқол хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи роҳи оҳани “Фароафғонӣ”, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Ӯзбекистон ва Афғонистон ба бандарҳои Покистон дар баҳри Араб васл шуда, роҳи нав барои содироти мол ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ боз мешавад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста