Дар Нигер, як кишвари африқоӣ, пас аз чанд рӯзи муҳосираи президент дар қароргоҳаш, гуруҳи низомиён тавассути телевизиони давлатӣ эълон карданд, ки президенти кишвар Муҳаммад Базум аз мансаб барканор карда шуд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки сарҳад баста ва дар кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.
Расонаҳо менависанд, ки табаддулотгарон афсарону аскарони Горди президентӣ мебошанд. Онҳо роҳҳои наздик шудан ба қароргоҳи президентро баста, баъди гуфтугуҳо ба Базум иҷозаи берун рафтанро надодаанд.
Таъкид мешавад, ки президент Базум тасмим дошт, фармондеҳи горди президентӣ генерал Умар Тчианиро барканор кунад. Ба иттилои пешакӣ, ин тасмим метавонад сабаби шӯриш бошад.
Дастгоҳи президент гуфт, ки табаддулоти мазкурро артиши кишвар ҷонибдорӣ накардааст.
Муҳаммад Базум соли 2021 президенти Нигер интихоб шуд. Ӯ қаблан вазири корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷии ин кишвар буд.
Нигер як давлати африқоиест, ки солҳои пеш мустамликаи Фаронса буд ва дорои захираҳои зиёдӣ табиӣ мебошад.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста