Шарҳи рӯйдодҳои муҳими сиёсии хориҷӣ дар ҳафтаи сипаришуда, ки барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ аҳаммият доранд.

Муомилоти ғалла

Охири моҳи июл комилан маълум шуд, ки "муомилоти ғалла" - созишномаи байни Русия ва Ғарб дар бораи интиқоли ғалла аз бандарҳои Украина ба бозори ҷаҳонӣ дар ниҳояти кор ноком шуд ва ба гумон аст, ки дар оянда дурнамои ҷиддие дошта бошад.

Тибқи шартҳои он, дар Баҳри Сиёҳ як долони амну бехатар барои киштиҳои боркаш, ки аз бандарҳои Баҳри сиёҳи Украина маҳсулоти кишоварзӣ мекашонанд, таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳалаи аввали ҷанги Русияву Украина интиқоли ҳудуди 20 миллион тонна ғаллаи украинӣ дар бандарҳои баҳрии Украина баста шуда, илова бар ин, имсол ин рақам бо ҳосили нави ғалла хеле зиёд шуд.

Сурат: Александр Манзюк / ТАСС

Баҳори соли гузашта дар натиҷаи имзои “муомилоти ғалла” як қисми ғаллаи интиқолаш басташуда ба хориҷа содир гардид, ки ин ба нархи ҷаҳонии ғалла ва маводи ғизоӣ таъсири мусбат расонд. Аммо дар аввали моҳи июл Маскав аз идомаи муомилоти ғалла худдорӣ кард ва ба ивази тамдиди он, коҳиши таҳримҳои зидди Русияро дархост намуд.

Масъалаи азсаргирии муомилоти ғалла яке аз мавзӯъҳои аслии матраҳшуда дар нишасти Русия - Африқо дар Маскав буд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро маҳз кишварҳои Африқо ва умуман давлатҳои ҷаҳони сеюм аз воридоти ғалла бевосита вобастаанд; дар гузашта халалдор шудани таъминот ва ё якбора баланд шудани нархи нону маснуоти он, борҳо ба бесуботӣ, нооромӣ ва инқилобҳо оварда расонида буд.

Ёдоварӣ кардан кофист, ки "баҳори араб" - як силсила табаддулот ва инқилобҳои густарда дар аввали соли 2010 бо ҷаҳиши якбораи қимати ғизо дар ҷаҳон ва бекор шудани "кумакҳои ғалла" барои қишри камбизоат дар як қатор кишварҳои араб ба вуҷуд омада буд.

Бинобар ин дар нишаст намояндагони кишварҳои Африқо борҳо масъалаи барқраор намудани муоҳидаи ғалларо ба миён гузоштанд. Гузашта аз ин, дар вокуниш ба изҳороти Русия дар бораи ҷудо кардани кумаки бепул дар шакли 20-25 ҳазор тонна ғалла ба шаш кишвари африқоӣ, дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки ин иқдом бӯҳрони бозори ҷаҳонии ғизоро ҳал намекунад.

Ба навиштаи “Коммерсант”, кишварҳои африқоӣ дар ин ҳамоиш ба Русия пешниҳод карданд, ки ширкат дар созиши ғалларо аз сар бигирад, онҳо дар бораи зарурати “кушодани Баҳри Сиёҳ барои бозорҳои ҷаҳонӣ” ҳарф заданд.

Дар ин робита президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ изҳор намуд, ки намояндагони кишварҳои африқоӣ ба интиқоли ғаллаи Русия эҳтиром доранд, аммо на барои туҳфа, балки ба хотири аз сар гирифтани интиқоли ғалла ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба Маскав омадаанд.

Аммо дар асл дурнамои воқеии созиши ғалла ба далели тахриби воқеии зерсохтори бандарҳои Баҳри Сиёҳи Украина дар даҳ рӯзи ахир ба ҳадди ақалл коҳиш ёфтааст.

Рӯзи 28 июл дар Санкт-Петербург нишасти Русия - Африқо ба охир расид. Ба иттилои Кремл, дар ин рӯзҳо аз 54 кишвари қора 49 ҳайати кишварҳо ба Петербург омаданд.
Сурат: eurasianmagazine.ru

Ба навиштаи Газета.ру, зарбаҳои густардаи мушакӣ ба бандарҳои Одесса ва Николаеви Украина ​​ аллакай дар ояндаи наздик Украинаро аз логистикаи баҳрӣ маҳрум хоҳад кард. Миқёси тахриби бандарҳои Украина маълум нест, аммо барои ғайрифаъол сохтани онҳо, нобуд кардани таҷҳизоти бандар кофист.

Ба ақидаи коршиносон, аз байн бурдани логистика истифодаи бандарҳоро барои интиқоли ғалла ғайриимкон месозад - ба ибораи дигар, ҳатто агар муомилоти ғалла аз сар гирифта шавад ҳам, иҷрои он аз ҷиҳати техникӣ имконнопазир шуданаш мумкин аст.

Нокомии ниҳоии созишномаи ғалла метавонад ба бозори ҷаҳонии озуқа таъсири ҷиддие расонад, дар ҳоле, ки дар тӯли даҳсолаи охир болоравии қимати маводи ғизоӣ мушоҳида шудааст.

Дар баробари ин, дар ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ афзоиши хароҷоти хонаводаҳо ба хариди маводи ғизоӣ мушоҳида шудааст.

Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрияи СПОТ, кишварҳои ИДМ бо ҳиссаи зиёди хароҷот ба маҳсулот дар сохтори хароҷоти мардуми камдаромад фарқ мекунанд.

Маҷмӯи асосии ғизо дар Озарбойҷон 38,5% аз музди меҳнати ҳадди ақал (ММҲА), Беларус - 43,1%, Русия - 45,5%, Қазоқистон - 51,9% ва Арманистон - 74,6% арзиш дорад.

Таносуби номусоиди нархи озуқа ба ММҲА дар Осиёи Марказӣ ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рост меояд - масалан, тибқи арзёбии иқтисодчиёни Pikadi, арзиши сабади асосии ғизо 97,3% аз музди меҳнати ҳадди ақалро ташкил медиҳад; тибқи ҳисоби коршиносони “Азия-Плюс”, дар Тоҷикистон арзиши музди меҳнати ҳадди ақали шаҳрвандон ба 121,21% баробар аст.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бахши қобили мулоҳизаи маводи ғизоӣ аз хориҷ ворид мешавад, ҳатто андаке коҳиш ё болоравии қимати воридот ба амнияти озуқавории онҳо таҳдид мекунад.

Мутаносибан, халалдор шудани муомилоти ғалла барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ фоидаовар нест, зеро он боиси боло рафтани қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ ва аз ин рӯ, таваррум дар бозорҳои дохилӣ мешавад.

Гузашта аз ин, дар ин нишаст раҳбарияти Русия ӯҳдадор шуд, ки ғаллаи Украинаро дар бозори Африқо ҷуброн мекунад, ки дар оянда метавонад ба ҳаҷми интиқоли ғаллаи Русия ба кишварҳои ИДМ таъсир расонад.

Илова бар ин, роҳбарияти Русия бояд дар бораи нигоҳ доштани нархи маҳсулоти асосӣ дар худи Русия ғам хӯрад - масалан, тибқи маълумоти Иттиҳоди ғаллаи Русия, дар соли 2022 нархи нон дар кишвар тақрибан 10% боло рафт.

Сурат: Ведомости

Нишонаҳои ҷанги тӯлонӣ

Ҳафтаи гузашта як қатор ҳодисаҳо рух доданд, ки дар бораи омодагии роҳбарияти Русия ба ҷанги тӯлонӣ дар Украина ҳам аз ҷиҳати сафарбарии хидматчиёни ҳарбӣ ва ҳам фароҳам овардани логистикаи зарурӣ барои он гувоҳӣ медиҳанд.

Пеш аз ҳама, дар бораи то моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расонидани ҷараёни ба вуҷуд овардани заминаи қонунгузорӣ барои сафарбарии васеи ҳарбӣ дар мамлакат сухан меравад.

Дар натиҷа, ҳанӯз аз 1 июли соли 2023 тағйироте, ки ба бисёре аз шаҳрвандони Русия таъсир мерасонанд, эътибор пайдо карданд.

Яке аз тағйироти муҳим роҳандозии сафарбарӣ мебошад, ки имкони даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳолати таҳдид ба амнияти миллӣ дар назар дорад.

Тағйироти асосӣ ба боло бурдани синни даъватшавандагон то 30-солагӣ низ дахл дорад.

Думаи давлатӣ рӯзи 25-уми июл дар ҷаласаи умумии парлумон лоиҳаҳои қонун дар бораи аз 27 то 30-солагӣ боло бурдани синни даъват, дар бораи ҷарима ба маблағи то 30 ҳазор рубл барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ ва тағйиротро дар мавриди ба таъхир гузоштани сафарбарӣ ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон баррасӣ кард.

Нашрияи Фонтанка.ру аз қавли Андрей Картаполов, раиси Кумитаи дифоъи Дума менависад, ки "қонун дар замони ҷанги бузург барои сафарбаркунии умумӣ навишта шудааст."

Тибқи иттилои RTVI, русҳо бештар аз даъватномаҳои электронӣ ва бекор шудани имзои даъватшаванда, ки қаблан зимни супурдани он ҳатмӣ буд, нигарон буданд.

Ҳоло агар даъватнома дар феҳристи дахлдор ҷойгир шавад, шаҳрванди Русия расман огоҳгардида дониста шуда, бояд ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад (қаблан то 7 рӯз муҳлат дошт).

Дар акси ҳол, ӯ ба маҳдудиятҳои хуруҷ аз кишвар, бақайдгирии амволи ғайриманқул, соҳибкори инфиродӣ шудан ва ҷаримаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳамчунин, нисбати ширкатҳое, ки дар бораи корманди ба сафарбарӣ уҳдадори худ ба комиссариати ҳарбӣ хабар намедиҳанд, ҷарима ҷорӣ карда шуд.

Яке аз ҳадафҳои асосии чаҳорчӯби нави қонунгузорӣ барои сафарбарии низомӣ ба 1,5 миллион нафар расондани артиш аст - ин нақшаҳоро Вазорати дифои Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон карда буд.

Сурат: rg.ru

Ин то охири соли ҷорӣ сафарбарии боз садҳо ҳазор нафар, аз ҷумла миёни ба истилоҳ шаҳрвандони нав ва муҳоҷирони корӣ (бо шартнома)-ро дар назар дорад.

Дар ҳоли ҳозир ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи мавридҳои бештари маҷбур кардани муҳоҷирони корӣ барои имзои қарордод бо Вазорати дифои Русия ҳарф мезананд.

Аз ҷумла, далелҳое пайдо шуданд, ки дар як қатор ҳолатҳо муҳоҷирони корӣ, ки ба минтақаҳои ба истилоҳ “озодшуда”-и Украина ба корҳои сохтмон рафта буданд, ба сафи артиши Русия шомил шудаанд.

Дар натиҷа, ба навиштаи “Current Time”, Тошканди расмӣ аз шаҳрвандонаш даъват кард, ки ба манотиқи ҷанг дар Украина ба кор нараванд ва дар ҷанг иштирок накунанд.

Қаблан ҷониби Украина аз иштироки ӯзбекон дар амалиёти ҷангӣ дар Украина хабар дода буд. Ба навиштаи нашрия, ҳафтаи гузашта силсилаи рейдҳои нави пулис дар Русия, бахусус, дар маҳаллаҳои наздишаҳрии Котелники ва Балашихаи Маскав сурат гирифт. Боздошту рейдҳо мисли пештара ба кадри имкон сахт ва дағалона гузаронида мешаванд.

Дар Оренбург пулис дар гармхонаҳои маҳаллӣ, ки муҳоҷирон кор мекарданд, рейд гузаронид; дар маҷмӯъ, бештари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон будаанд.

Ба навиштаи нашрия, дар ҷараёни рейдҳо муҳоҷирони боздоштшударо маҷбур мекунанд, ки қарордҳои ҳарбиро имзо кунанд.

Сониян, барои таъмини воҳидҳои низомии навтаъсис бо аслиҳа ва либоси низомӣ Русия иқдомоти муайянеро пеш гирифтааст. Ба назар чунин мерасад, ки сафари расмии Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Кореяи Шимолӣ дар охири моҳи гузашта бояд дар ин замина баррасӣ шавад.

Сурат: kommersant.ru

Ба гузориши Лента.ру, дар Кореяи Шимолӣ ӯ бо вазири дифоъ ва ҳамчунин бо Ким Чен Ин, роҳбари ин кишвар дидору гуфтушунид карда, паёми президенти Русия Владимир Путинро ба ӯ расондааст.

Ба таври расмӣ, ҳадафи аслии сафар "иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба солгарди анҷоми ҷанги Корея" будааст. Аммо ба навиштаи "Ведомости", ИМА бар ин назар аст, ки вазири дифои Русия барои музокира дар мавриди хариди силоҳ рафтааст.

Дар навбати худ, Русия метавонад ба сифати пардохт Кореяи Шимолиро бо маҳсулоти ғизоӣ, ки маъмулан дар он ҷо намерасад, таъмин намояд.

Ба навиштаи нашрияи Фокус, ин ҳамкорӣ ба манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд: пуштибонии сиёсии қудратҳои ҳастаӣ ва аъзои Шӯрои Амнияти СММ барои ҳукумати Ким Чен Ин муҳим буда, барои Русия дурнамои таъмини силоҳу муҳимоти камбуд боз мешавад.

Пеш аз ҳама, дар бораи таъмини муҳимот (снарядҳо)-и тӯп (артиллерӣ) сухан рафта метавонад, ки таври маълум, бо идомаи амалиёти ҷангӣ дар Украина, ниёзи неруҳои Русия ба онҳо пайваста афзоиш меёбад.

Ғайр аз ин, саноати Кореяи Шимолӣ маҳз муҳимоти ҳамон андозаро истеҳсол мекунад, ки барои низомҳои артиллерии замони шӯравӣ мувофиқанд ва то ин дам дар ҳифозат (консерватсия) нигаҳдорӣ шуда, акнун, аз афташ, дубора ба кор андохта мешаванд.

Шаҳрвандони нав

Ҳафтаи гузашта маълумоти оморӣ дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия дар нимсолаи аввали соли равон нашр шуд.

Бино ба гузориши “Current Time”, дар шаш моҳи соли 2023 беш аз 87 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 13 ҳазор нафар бештар аст. Ҳамарӯза 500 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия мешаванд, ки онҳоро дар миёни шаҳрвандони нави Русия дар ҷои аввал мегузорад.

Шаҳрвандони Украина имсол ба ҷои дуюм гузашта, соли равон 39 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад, ки теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия ба таври умум коҳиш ёфта, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 имсол 14 ҳазор нафар камтар шудааст.

Тайи се соли ахир теъдоди довталабони шаҳрвандии Русия дар ҳама ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ба истиснои шаҳрвандони Тоҷикистон, коҳиш ёфтааст: шумори тоҷикистониён дар ин муддат аз 63 ҳазор нафар дар соли 2020 ба 174 ҳазор нафар дар соли 2022 афзудааст.

Акси марбута
Сурат: РИА Новости

Суоли матраҳ ин аст, ки оё то охири соли ҷорӣ шумори шаҳрвандони нави Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мешавад ва агар ин тавр шавад, пас чӣ қадар? Ба фикри ман, ин ба як қатор омилҳо вобаста аст: ҷараёни рушди вазъияти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Русия, давомнокии ҷанг ва дурнамои сафарбарии нав.

Ба эҳтимоли зиёд, агар тағйироти ҷиддие рух надиҳад, пас ба гумон аст, ки шумори довталабони дарёфти шаҳрвандии Русия дар байни тоҷикон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад ва дар оянда метавонад ба тадриҷ коҳиш ёбад.

Бояд ба назар гирифт, ки аксарияти тоҷиконе, ки имсол шиносномаи Русияро гирифтаанд, ду-се сол қабл аз расмиёти зарурии маъмурӣ гузашта буданд. Монеаҳо аз онҳо маблағ ва кӯшиши зиёдро талаб мекунанд, аз ин рӯ, имрӯз онҳо тамоми ҷараёнро то охир паси сар намуда, ба вазъи беҳтар умед мебанданд - иқтисоди Русия ва даромади онҳо боз боло меравад, ҷанг ба зудӣ хотима меёбад, ба артиш рафтани онҳо лозим намеояд ва ғайра.

Аз ин рӯ, тоҷикон то ҳол аз тамоюли умумии коҳиши дархостҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия берун мемонанд, аммо ба гумон аст, ки онҳо аз ин комилан канорагирӣ кунанд.

«Қонуни начандон демократӣ» дар бораи забони давлатӣ дар Қирғизистон

Ҳафтаи гузашта Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, андешаи худро (ки онро метавон мавқеи расмии Маскав дар ин масъала арзёбӣ кард) дар бораи қонуни нави ахири Қирғизистон дар бораи забони давлатӣ изҳор кард ва ин тасмимро "начандон демократӣ" номид.

Ба навиштаи “Current Time”, Лавров гуфт: “Вақте ин фикр пайдо шуд, мо дӯстони қирғизи худро огоҳ кардем, ки ин начандон демократӣ аст. Дар назар дорам, ки тамоми хидматчиёни давлатӣ ба донистани забон ва кор кардан бо он вазифадор мешаванд”.

Ба ин тариқ, Лавров эътироф кард, ки Маскав чанд талоши дипломатӣ кардааст, то ки парлумон ва ҳукумати Қирғизистонро мутақоид созад, ки ин қонунро қабул накунанд, аммо тавре ба назар мерасад, ин кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Сергей Лавров
Сурат: ТАСС

Ёдрас мекунем, ки парлумони Қирғизистон як моҳ пеш қонуни нав дар бораи забони давлатиро қабул карда, ҳафтаи гузашта президенти кишвар онро имзо кард. Ҳамакнун аз тамоми кормандон ва хидматчиёни давлатӣ донистани забони қирғизӣ талаб мешавад. Истифодаи он дар рафти интихобот ва раъйпурсӣ, мурофиаи судӣ ва коргузорӣ ҳатмист.

Қонуни нав муҳтавои барномаҳои телевизиону радио, дигар васоити ахбори умум, барномаҳои компютерӣ ва сомонаҳоро низ фаро мегирад.

Дар ҳамин ҳол забони русӣ дар кишвар дар мақоми расмӣ боқӣ мемонад.

Изҳороти Лавров дар расонаҳои маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёд ба бор овард. Президенти кишвар Садир Жапаров, ташаббускори аслии ин қонун низ ба он вокуниш нишон дода, гуфт: “Сергей Лавров, зоҳиран, қонунро нахондааст. Дар он меъёри табъизи забони русӣ вуҷуд надорад... мо ният дорем, ки ҳамзамон ду забонро инкишоф диҳем».

То имрӯз ин ҷумҳурӣ яке аз охирин кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки дар он қонун дар бораи истифодаи ҳатмии забони давлатӣ дар мақомоти расмӣ қабул шуд.

Мутаносибан, қабули қонун дар Русия дарднок пазируфта шуд, зеро қаблан дар он ҷо Қирғизистонро аксар вақт ҳамчун намунаи мусбати «баробарии забон» мисол меоварданд.

Дар маҷмӯъ, маъмулан Маскав кӯшишҳои давлатҳои ИДМ-ро барои бозбинии гузаштаи умумии шӯравӣ, ивази номи шаҳру кӯчаҳои шӯравӣ, қабули қонунҳои забон манфӣ пазируфта, онро кӯшиши коҳиш додани нуфузи Русия дар минтақа арёзбӣ мекунад.

Дар Русия бобати коҳиши фазои забони русӣ дар Қирғизистон ва дар маҷмӯъ дар минтақа суҳбат мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи маҳаллии русҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар кишвар барои омӯзиши забони давлатӣ шароити мусоид вуҷуд надорад, ки аз аввал русҳо ва русзабонҳои маҳаллиро дар як ҳолати душвор ва нобаробар қарор медиҳад.

Бо вуҷуди ин, ихтилофҳо дар заминаи сиёсати забонӣ ба эҳтимоли зиёд ба сардии ҷиддӣ дар равобити Маскаву Бишкек оварда намерасонанд. Зеро Қирғизистон яке аз камтарин кишварҳои пасошӯравист, ки дар Конститутсия мақоми забони русӣ давлатӣ ва расмӣ сабт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.