Тоҷикистон дар радабандии нави “Ҳисоботи хушбахтии дунё” (World Happiness Report) се зина бола рафта, мавқеи 80-умро ишғол кардааст. Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд, ки мавқеи 71-умро ишғол мекард.
Радабандии “Ҳисоботи хушбахтии дунё” аз соли 2012 бо қарори Созмони миллали муттаҳид тартиб дода мешавад. Зимни таҳияи он нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла давомнокии умр, ММД ба сари аҳолӣ, дастгирии иҷтимоӣ дар марҳилаҳои душвор, сатҳи пасти фасод, эътимоди баланди иҷтимоӣ, рушди корҳои хайриявӣ ва озодиҳо мадди назар дошта мешаванд.
Тоҷикистон ба радабандии мазкур соли 2013 ворид шуд ва он замон зинаи 125-умро ишғол мекард.
Ҳамин тавр, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷои 44-ум ва Ӯзбекистон дар ҷои 54-ум қарор доранд.
Дар ин рӯйхат, ду давлати дигари минтақа – Қирғизистон ва Туркманистон шомил нагардидаанд.
Дар садри радабандӣ бошад, инак 6 сол мешавад, ки пайи ҳам Финландия қарор мегирад. Дар зинаҳои баъдӣ Дания, Исландия, Исроил ва Ҳолланд ҷойгир шудаанд.
Дар ин раддабандӣ ИМА дар мақоми 15, Чин дар мақоми 64 ва Русия дар мақоми 70-ум қарор доранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳангоми таҳияи радабандии “Ҳисоботи хушбахтии дунё” натиҷаи тадқиқоти аз ҷониби Gallup World Poll гузаронидашуда чун замина ба инобат гирифта мешавад. Тадқиқоти Gallup World Poll миёни сокинони давлатҳо гузаронида мешавад ва дар он, аҳолӣ зиндагии худро тибқи ҷадвали аз 0 то 10 баҳо медиҳанд.
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сол барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист
Раводид ба Туркия. Маркази раводиди Туркия дар Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо ҷавоб медиҳад
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста