Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия мамнӯъ аст, масъулияти таркиш дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Анкараро бар ӯҳда гирифт. Дарин бора шабакаи телевизионии A Haber хабар медиҳад.
“Имрӯз тақрибан соати 9:30 дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия дастаи “Ҷовидон” амалиёти фидокорона анҷом дод. Анҷоми ин амал махсусан дар рӯзи оғози кори порлумон ба нақша гирфта шуда буд ва тибқи нақша анҷом дода шуд”, - хабар дод бахши низомии Ҳизби коргари Курдистон.
Бояд гуфт, ки 1-уми октябр як маргталаб худро дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар маркази Анқара тарконд.
Ба иттилои расонаҳои Туркия, нафари дуввум аз сӯи пулиси Туркия кушта шуд. Али Ерликая, вазири корҳои дохилӣ ин ҳодисаро “кӯшиши ҳамлаи террористӣ” номид.
Ба навиштаи Оҷонсии Haberturk, ду нафар бо мошин ба назди бинои вазорат омада, ин таркишро анҷом доданд. Ба қавли ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ду маъмури пулис захмӣ шудаанд.
Дар паҳлӯи бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, порлумон ҷойгир шудааст. Қарор буд, имрӯз вакилон баъди таътили тобистона аввалин ҷаласаи порлумонро баргузор кунанд.