Имсол ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика барои омӯзиши электронҳо ва табиати нур ба Пиер Агостини, Ференс Краус ва Анн Л'Ҳуилер тақдим гардид, хабар медиҳад ВВС.
Аъзоёни кумитаи Нобел саҳми пешқадами ҷоизадоронро дар физикаи аттосекунд ситоиш карданд. Аз ҷумла, фаҳмидани он ки бо материя дар сатҳи мутақобилаи молекулавӣ дар тӯли як квинтиллион сония чӣ рӯй медиҳад, мавриди дастгирии доварон шудааст.
Ин импулсҳо барои омӯхтани ҳаракати электронҳо дар дохили атомҳо истифода мешуданд.
Ин дуввумин ҷоизаи Нобел дар соли ҷорӣ мебошад. Чанд рӯз пеш Каталин Карико аз Маҷористон ва Дрю Вайсман аз ИМА барои кашфиётҳое, ки имкони таҳияи ваксинаҳои навро дар РНК доранд, ҷоизаи Нобел-2023 дар соҳаи тиб ва физиологияро гирифтанд.
Бояд гуфт, ки аз соли 1901 инҷониб ҷоизаи Нобел дар риштаи физика ба 222 олим дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика ба донишманди фаронсавӣ Ален Аспе, физики амрикоӣ Ҷон Клаузер ва олими австриягӣ Антон Зайлингер тақдим гардида буд.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста