“Citibank”, яке аз бонкҳои пурнуфузи Амрико Нозима Ҳусейнова, як корманди ӯзбеки худро, барои интиқоди ҳамлаи артиши Исроил ба Навори Ғазза, аз кор озод кард.
Дар ин бора нашрияи бритониёии Daily Mail хабар медиҳад.
Сухангӯи “Citibank” ба DailyMail гуфтааст, ки шартномаи меҳнатиро бо “корманде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин як навиштаи бадхоҳонаи зиддисемитизмро нашр кардааст”, лағв кардаанд.
“Мо антисемитизм ва ҳама намуди сухани таҳқиркунандаро таҳаммул нахоҳем кард”, - бо истинод ба ин корманди “Citibank” навиштааст DailyMail.
Нозима Ҳусейнова дар пайи ҳамлаи артиши Исроил ба Ғазза, аз ҷумла ба як бемористон, ки боиси кушта шудани садҳо нафар сокини осоишта гардид, дар саҳифаи иҷтимоии худ навишт, “ҷойи тааҷҷуб нест, ки чаро Ҳитлер мехост аз ҳамаашон халос шавад”.
Ин навишта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳсу баррасӣ гардид ва ба иттилои DailyMail, хашми корбарон низ овард. “Citibank” ин навиштаро “нафратовар” номид ва гуфт, ки бонк суханони бадбиниро таҳаммул намекунад ва Нозима Ҳусейноваро аз кор озод намуд.
Худи Нозима Ҳусайнова то ҳол ба ин тасмими Citibank вокуниш нишон надодааст.
Нозима Ҳусайноваи 25-сола Донишгоҳи шаҳри Ню-Йорк, Коллеҷи Бруклинро бо ихтисоси молия хатм карда, ду соли охир дар “Citibank фаъолият дошт.
Бояд гуфт, ки “Citigroup” яке аз ташкилотҳои молиявии пурнуфузӣ амрикоӣ буда, дар саросари ҷаҳон 250 ҳазор нафар коргар дорад. Тибқи иттилои расонаҳо, кормандони хидматрасон ба муштариён дар ин бонк ҳудуди 72 ҳазор доллар маоши солона мегиранд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста