Вазири дифои Исроил Йоав Галант гуфт, ки гурӯҳи фаластинии Ҳамос дигар навори Ғаззаро назорат намекунад. Ба гуфтаи ӯ, аъзои Ҳамос ба самти ҷануби навори Ғазза фирор ва мардум “пойгоҳҳои Ҳамосро ғорат мекунанд”.
Вазъият дар бемористонҳо дар шимоли Ғазза вазнин боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Ғазза, ки таҳти назорати Ҳамос аст, дар минтақа ягон бемористони пурра фаъол боқӣ намондааст. Вазъияти душвортарин дар наздикии Ал-Шиф, бузургтарин бемористони Ғазза, ки дар он чандсад бемор ва ғайринизомӣ боқӣ мондааст, ба вуҷуд омадааст. Дар беморхона кувваи барқ нест. Артиши Исроил ба бемористон наздик шудааст ва дар ин минтақа ҷанг идома дорад.
Дирӯз, 13-уми ноябр, 564 хориҷӣ, аз ҷумла ҳудуди 100 шаҳрванди Русия аз навори Ғазза тавассути гузаргоҳи Рафаҳ берун оварда шуданд.
Вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки дар ҳамлаҳои Исроил дар ин навор беш аз 11 ҳазору 240 нафар кушта шудаанд, ки 4630 ҳазор нафари онҳо кӯдакон буданд. Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, шумори сарбозони исроилии кушташуда аз оғози амалиёти заминӣ ба 44 нафар расидааст.
Ҷанг ҳамоно идома дорад ва поёни он ҳанӯз номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо кишвари исломӣ бо маҳкум кардани ваҳшоният дар Навори Ғазза, аз Созмони миллали муттаҳид талаб карданд, ки риояи қарорҳои қаблан қабулкардаашро таъмин кунад.
Ин кишварҳои исломӣ дар Саммити изтирории кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ гирди ҳам омаданд ва мавқеи худро оид ба қазияи Исроилу Фаластин иброз доштанд.
Ҷанги ахир 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳамос ба Исроил оғоз ёфт. Дар ҷавоб ба ин, Исроил Навори Ғаззаро муҳосира ва ба мушакборон оғоз кард.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Қазияе, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста