Имрӯз, 6-уми июн дар Иттиҳоди Аврупо раъйдиҳӣ барои интихоби вакилони Парлумони Аврупо оғоз гардид. Давоми чор рӯз 370 миллион нафар дар 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо вакилони худро барои ин ниҳоди қонунгузор интихоб мекунанд.
Ҳолланд аввалин кишвар дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо буд, ки сокинонаш ба назди сандуқи райдиҳӣ рафтанд ва овоз доданд. Ҳамин тавр пагоҳ ва рӯзҳои дигар – то 9-уми июн, дар кишварҳои дигари ин иттиҳод интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад.
Дар беъзе кишварҳо интихобот ду рӯз баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Чех рӯзҳои 7-8 ва Итолиё рӯзҳои 8-9 райъдиҳӣ баргузор мегардад. Рӯзи 9-уми июн охирон рӯзи интихоботи парлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо аст.
Дар ин интихоботи парлумонӣ беш аз 200 ҳизбу ҳаракат барои ворид кардани вакилони худ ба Парлумони Иттиҳоди Аврупо рақобат доранд.
Бояд гуфт, ки аксари ин ҳизбу ҳаракатҳо аз сиёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Украина ва Русия ҳимоя мекунанд. Онҳо ба ҷонибдории минбаъда аз Украина ва сиёсати сатхгирона алайҳи Русия таъкид менамоянд.
Дар баробари ин, нерӯҳои сиёсие ҳам ҳастанд, ки мухолифи ҷонибдории фарогир аз Украина мебошанд. Ҳарчанд онҳо аксарияти кулро ташкил намедиҳанд, аммо садои онҳо шунида мешавад.
Ҳамчунин, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим, масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти минтақа аз мавзӯъҳои муҳими раванди интихобот мебошад.
Қабл аз оғози интихобот хадамоти иктишофии баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз тақвияти маъракаи зиддиинтихобот иттилоъ дода буданд. Баъзе аз коршиносон он замон инро ба хадамоти истихборотии Русия марбут донистанд.
Дар аввалин рӯзи интихобот чанде аз масъулини се ҳизби Ҳоланд аз рахна шудани сомонаҳои худ хабар доданд ва ба навиштаи euronews масъулияти инро гурӯҳи рахнагари "HackNeT" ба зимма гирифтааст. Ба навиштаи ин расона, ин гуруҳи рахнагар эътироф кардааст, ки бо Маскав робита дорад.
Бояд зикр кард, ки ин даҳумин интихоботи пурлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо аст. Ва аввалин интихоботи парлумонӣ пас аз хориҷ шудани Британияи Кабир аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо аст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста