Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар бораи оташбас дар Навори Ғазза посухи мусбат додаанд. Дар ин бора хабаргузории “Reuters” иттилоъ медиҳад.

Ин расона аз қавли манбаъҳои худ аз роҳбарияти “Ҳамос” менависад, ки онҳо омодагии худро барои баррасии ин қатънома иброз доштаанд.

Қатар ва Миср, ки ҳамроҳ бо Амрико дар музокироти байни “Ҳамос” ва Исроил миёнчигарӣ мекунанд, таъйид карда буданд, ки ин гурӯҳ посухи мусбати худро ироа кардааст.

Ба гуфтаи ин ду кишвар “Ҳамос” ва гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ”, як гурӯҳи муттаҳиди фаластинии он гуфтаанд, “ин посух манофеи фаластиниҳоро дар авлавият қарор медиҳад ва ба зарурати таваққуфи комили ҳамлаҳои ҷорӣ ба Ғазза таъкид мекунад”.

Як намояндаи “Ҳамос”, бидуни ифшои номаш ба “Reuters” гуфтааст, посухи онҳо такрори мавзеи онҳо аст. Яъне  “Ҳамос” чун қабл қатъи комили ҷанг дар Ғазза, хуруҷи Нерӯҳои исроилӣ ва озодии зиндониёни фаластиниро талаб кардааст.

Мақомоти Исроил бар он боваранд, ки “Ҳамос” пешниҳоди Ҷо Байденро рад кардааст.

Қаблан як мақоми исроилӣ ба шарти ифшо нашудани номаш “Reuters” гуфта буд, ки Ҳамос яке аз муҳимтарин бандҳои пешниҳоди Байденро, ки раҳо кардани гаравгонҳо аст,  рад кардааст.

Шабакаи “Ал-Ъолам” навиштааст, ки “Ҳамос” бар барқарории оташбасии доимӣ таъкид дорад, дар ҳоле, ки Исроил хоҳони оташбаси маҳдуд ва ба замон мувофиқ аст.

Амрико қаблан эълон карда буд, ки Исроил аллакай ин тарҳро, ки моҳи гузашта Ҷо Байден пешниҳод карда буд, пазируфтааст.

Қаблан, Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи оташбас дар Ғазза байни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос”-ро, ки аз ҷониби Амрико таҳия шуда буд, қабул кард. Қатънома бо ризоияти 14 кишвар ва бетарафии Русия ба тасвиб расида буд.

Қатъномае, ки аз ҷониби раиси ҷумҳури Амрико таҳия шудааст, аз ҳарду тараф мехоҳад, ки фавран ба ҷанги 8-моҳа хотима бахшанд. Дар ин қатънома аз ҳарду тараф даъват шудааст, ки марҳилаи гом ба гомеро барои расидан ба як оташбаси комил иҷро кунанд. Ин қатънома се марҳиларо дар бар мегирад.

Дар марҳилаи аввал ҳамзамон бо оташбаси муваққат гаравгонҳо ва зиндониёни фаластинӣ мубодила мешаванд.

BBC

Марҳилаи дуюми қатънома ба анҷоми даргириҳо таъкид карда, дар он қарор аст, ки ақибнишинии комили артиши Исроил аз Ғазза амалӣ шавад. Марҳилаи сеюм ба барномаи ояндаи минтақа мутамарказ аст, аз ҷумла дар он бояд тарҳи чандинсолаи Ғазза амалӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, як дипломати исроилӣ гуфтааст, ки кишвараш ба аҳдофи худ, аз ҷумла, "озод кардани ҳама гаравгонҳо ва нобудии "Ҳамос" пойбанд аст".

Бояд гуфт, ки тибқи гузоришҳо аз оғози ҷанг то кунун ҳудуди 300 сарбози исроилӣ кушта шудаанд.

Дар ҳамин давра, ба гуфтаи мақомоти пизишкии Ҳамос дар Ғазза, беш аз 37 ҳазор фаластинӣ, ки аксарияташон кӯдакон ва занон буданд, дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.