Имрӯз, 26-уми апрел, Валерий Герасимов, сардори ситоди кулли артиши Русия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар гузориш дод, ки вилояти Курс аз низомиёни Украина пурра озод шудааст. Иддаое, ки мақомоти низомии Украина рад кард.
Валерий Герасимов гуфт, дар озод кардани вилояти Курск сарбозони Кореяи Шимолӣ низ саҳми назаррас гузоштаанд.
“Мехоҳам саҳми хоссаи сарбозони Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро, ки тибқи Созишномаи ҳамкории стратегӣ байни кишварҳои мо дар озод кардани минтақаҳои марзии Курск аз нерӯҳои низомии Украина гузоштанд, таъкид мекунам”, - гуфтааст Герасимов.
Пештар Маскав ҳузури низомиён аз Куриёи Шимолиро ҳеҷ гоҳ эътироф накарда буд. Украина ва кишварҳои дигари ғарбӣ борҳо ба ҳузури беш аз 10 ҳазор низомии Куриёи Шимолӣ дар вилояти Курск ишора карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, Ситоди кулли артиши Украина изҳороти Герасимов ба Путинро рад карда, гуфт, то ҳол дар Курск ҳудудҳои муайянро дар ихтиёр дорад ва меҷангад.
“Амалиёти дифоии артиши Украина дар минтақаҳои муайяни вилояти Курск идома дорад. Вазъ душвор аст, вале воҳидҳои мо вазифаҳои худро иҷро мекунанд ва бо истифода аз ҳама гуна аслиҳа, ҳамчунин тактикии мудофиаи фаъол, ба душман зарба мезананд”, - зикр мешавад дар изҳороти Ситоди кулли артиши Украина.
Бояд гуфт, артиши Украина ба вилояти Курск моҳи августи 2024 ҳуҷум кард. Онҳо тақрибан 1000 км мураббаро ишғол карданд. Он замон ҷониби Украина таъкид мекард, ки минтақаҳои ишғолкардааш дар Курск ҳангоми музокирот бо Русия бо заминҳои аз сӯйи Русия ғасбшудааш табодул хоҳад шуд. Аммо баъдан онро тадриҷан аз даст дод.



Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста