Даври чаҳоруми музокирот миёни Эрон ва Амрико пагоҳ, 11-уми май дар Умон баргузор мешавад. Умон миёнҷигари музокирот миёни ин ду кишвар аст.
Қаблан расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар Эрон ва Уммон навишта буданд, ки бинобар сабаби “фаннӣ ва лоҷистикӣ” даври навбатии музокирот, ки дар назар буд рӯзи 3-юми май дар Рим, пойтахти Итолиё баргузор шавад, доир нагардид.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ки даври чоруми музокироти ҳастаии Теҳрон ва Вашингтон қарор аст рӯзи 11-уми май дар Умон баргузор шавад. Ӯ таъкид кардааст, ки Умон ҳамчун мизбони музокирот, мувофиқати Амрикоро ҳам барои баргузории ин даври гуфтугӯҳо дарёфт кардааст.
Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, қарор аст дар ин рӯз ба Умон сафар кунад, то дар музокирот бо Эрон иштирок намояд.
Ёдовар мешавем, ки мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Уммон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекарданд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ мекарданд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” хоҳад буд.
То ин лаҳза ҷонибҳо се маротиба бо ҳам мулоқот ва музокирот карданд.
Бояд гуфт, соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.
Оид ба паёмадҳои мусбат ва манфии ин музокирот дар ин маводи “Азия-Плюс” “Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг? хонед.
Туркманистон гуфт, чанд шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзиаш аз Эрон берун овардааст
Як размикори тоҷик бо Лигаи PFL қарордод ба имзо расонид
Сафари шаҳрвандони 36 давлат, аз ҷумла як кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико манъ мешавад
Эрон ва Исроил омори куштаву захмиёнро эълон карданд. Ҳамлаҳо ба хоки якдигар рӯзи чорум аст идома дорад
Ронандае, ки зери чархи мошинаш ноболиғи 16-сола ҷон бохт, 10 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 4
Барои насби батареяи офтобӣ дар боми хона иҷозатнома лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 июни соли 2025
Идомаи даргирӣ миёни Эрон ва Исроил. Шаби гузашта чӣ гуна паси сар шуд ва дар ҳоли ҳозир чӣ мегузарад?
Нахустин медали нуқра ва сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста