Сафари Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Ховари Миёна аз имзои созишномаи 142 миллиарддоларии фурӯши аслиҳа ва шарикии роҳбурдии иқтисодӣ миёни ИМА ва Арабистони Саудӣ, инчунин, лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия оғоз шуд.

Кохи Сафед бо нашри як изҳорот созишномаи фурӯши аслиҳаро "бузургтарин фурӯши силоҳи дифоъӣ дар таърихи" ду кишвар арзёбӣ кардааст.

BBC менависад, ки ин қарордод фурӯши "таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва хидматрасонии беш аз даҳ ширкати дифоъии Амрико" ба Арабистони Саудиро дар бар мегирад.

Кохи Сафед мегӯяд, ки қарордод "омӯзиши васеъ ва хидматрасониро барои эҷоди тавонмандӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкими академияҳои хидматӣ ва хадамоти тиббии низомии Арабистони Саудӣ" дар бар мегирад.

Хабаргузориҳои арабӣ навиштаанд, дар пайи имзои созишномаи шарикии роҳбурдии иқтисодӣ миёни раиси ҷумҳури Амрико ва валиаҳди Саудӣ, Риёз қасд дорад, ба Амрико 600 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Акс аз Ройтерз

Доналд Трамп ҳангоми имзои қарордоди бузурги фурӯши аслиҳа гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида "ягон иттифоқчии қавитар аз Арабистони Саудӣ" надорад.

Ӯ, ки дирӯз изҳороти худро бештар ба муваффақияти маъмурияти худ дар "ҷалби сармоя ба Амрико" ва истиқболи ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари Халиҷи Форс тамаркуз кардааст, борҳо аз Эрон низ ёдовар шуда, ҳукумати онро "харобгартарин нерӯи Ховари Миёна" хондааст.

Дар ҳамин ҳол, таҳаввулоти муҳими рӯзи аввали сафари Трамп дар Риёз хабари мулоқоти Доналд Трамп бо Аҳмад Шаръ, раиси ҷумҳури давлати интиқолии Сурия ва лағви таҳримҳои Амрико алайҳи ин кишвар буд.

Вай ҳамчунин, дар бахше аз суханронии худ дар бораи Эрон гуфтааст, ки "имрӯз на танҳо барои маҳкум кардани ошӯбҳои раҳбарони Эрон дар гузашта, балки барои пешниҳоди роҳи нав ба сӯи ояндаи бисёр беҳтар ва умедвортар дар ин ҷо ҳастам. Мехоҳам бо Эрон созиш бибандам. Агар ин корро тавонистам, агар ин созишнома минтақа ва ҷаҳони шуморо ба ҷои амнтар гардонад, ман хеле шод мешавам."

"Аммо агар раҳбарияти Эрон ин шохаи зайтунро рад кунад ва ба ҳамла ба ҳамсояҳояш идома диҳад, мо дигар чорае нахоҳем дошт, ба ҷуз аз кор бурдани фишори густарда, коҳиши содироти нафти Эрон ба сифр ва ҳар гуна иқдоми зарурии дигар барои ҷилавгирӣ аз дастёбии ин режим ба силоҳи ҳастаӣ. Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ нахоҳад гирифт."- гуфтааст Доналд Трамп

Ӯ дар ин суханронӣ вожаи Халиҷи Форсро ба кор бурдааст.

Доналд Трамп
авкс аз EPA

Ба гузориши расонаҳо, миёни Амрико ва Арабистон ҳамчунин чанд тафоҳумномаи ҳамкории дигар, аз ҷумла, дар заминаи дифоӣ, энержӣ, маъданӣ ва пизишкӣ имзо шудааст.

Дар ҳоле ки Доналд Трамп бо мақомдорони баландпоя, аз ҷумла шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон музокирот мебурд, аъзои ҳайати амрикоӣ, аз ҷумла мушовири Трамп Илон Маск, директори кулли OpenAI Сэм Алтман ва роҳбари ширкати Nvidia Ҷенсен Хуанг бо соҳибкорони бузурги саудӣ музокира мекарданд.

Ин нахустин сафари расмии хориҷии Доналд Трамп аз оғози давраи нави президентии ӯ мебошад.

Дар рӯзҳои наздик ӯ ният дорад, ки боз аз ду кишвари Ховари Миёна - Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб боздид кунад.

Дар миёни меҳмонони муҳими расмӣ, ки ба зиёфати бошукӯҳ дар қасри шоҳӣ даъват шудаанд, мушовири Трамп, сармоядори миллиардер Илон Маск низ ҳузур дорад.

Дар сафар ӯро котиби давлатии ИМА Марко Рубио, намояндаи махсуси президенти ИМА оид ба Ховари Миёна Стив Уиткофф ва вазири мудофиа Пит Ҳегсет ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин, рӯзи 12-уми май Доналд Трамп гуфт, ки эҳтимолии сафари худро ба Истанбул рад намекунад, ки эҳтимол рӯзи 15-уми май музокироти сулҳи миёни Русия ва Украина дар онҷо баргузор шавад.

Ин ташаббус аз ҷониби Русия пешниҳод шудааст, аммо президенти Украина Владимир Зеленский эълон кард, ки шахсан ба Туркия меравад ва интизори мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин мебошад.

Акс аз EPA

То ҳол Кремл иштироки президенти Русияро тасдиқ накардааст ва ҳанӯз маълум нест, ки оё чунин музокирот баргузор мешаванд.

Сафари президенти ИМА дар заминаи ҷанги тиҷоратӣ сурат мегирад, ки Трамп бо кишварҳои гуногуни дунё оғоз кардааст. Ҷорӣ намудани боҷҳои воридотӣ аз ҷониби Кохи Сафед савдои байналмилалиро ҷиддан халалдор кардааст ва ба иқтисоди ИМА таъсири манфӣ расондааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.