Вазорати амнияти дохилии ИМА эълон кард, ки барномаи “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” (TPS) барои шаҳрвандони Афғонистонро, ки аз режими "Толибон"* дар Афғонистон фирор карда, дар Амрико зиндагӣ доранд, бекор мекунад. Як созмони мудофеи ҳуқуқи паноҳҷӯён ин тасмимро аз воқеият дур хонда, онро “хиёнат ба ҷони амонати паноҳҷӯён” унвон кардааст.
Кристи Ноем, вазири амнияти дохилии ИМА ин тасмимро ба беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва амниятӣ дар Афғонистон рабт додааст.
“Мо шароитро дар Афғонистон бо шарикони байниидоравиамон баррасӣ кардем ва ин шароит ба талаботи гирифтани мақоми ҳимояти муваққатӣ мувофиқат намекунад. Бинобар ин, афғонистониҳо метавонанд бидуни таҳдид ба ҳаёташон ба ватани худ баргарданд”, - гуфтааст Моем.
Муҳлати барномаи “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” барои шаҳрвандони Афғонистон 20-уми майи соли 2025 ба охир мерасад.
Мақомоти ИМА таъкид кардаанд, ки ба ғайр аз ин, нисбати баъзе дорандагони ин мақом бо иттиҳоми қаллобӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ тафтиш ба роҳ монда шудааст.
Созмонҳое, ки аз ҳуқуқи паноҳандагони афғон дифоъ мекунанд, бо тасмими маъмурияти Доналд Трамп мухолифат карданд. Аз ҷумла, созмони "Бунёди Афғонистон" (Afgan Evac) ин амалро “хиёнат” ба онҳое номид, ки тӯли ду даҳсолаи ҳамкорӣ бо нирӯҳои ин кишвар ҷони худро дар хатар гузоштаанд.
Тибқи иттилои "Бунёди Афғонистон", ки дар кӯчонидани афғонистониҳо иштирок кардааст, дар ҳоли ҳозир тақрибан 11 ҳазор афғонистониҳо мақоми муҳофизати муваққатӣ доранд.
Шон Ван Дивер, раиси ин созмон гуфтааст, “тасмими лағви мақоми муваққатии ҳимоят аз афғонистониҳо на ба воқеият, балки аз сиёсат реша мегирад”.
“Афғонистон таҳти назорати Толибон боқӣ мемонад ва кушторҳо, боздоштҳои худсарона ва нақзи ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои этникӣ идома дорад”, - гуфтааст раҳбари "Бунёди Афғонистон".
TPS ба шаҳрвандони кишварҳои муайян иҷозат медиҳад, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ кунанд ва кор кунанд, то вазъият дар кишвари онҳо беҳбудӣ ёбад. Ин барнома то кунун аз ихроҷи бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон аз ИМА ҷилавгирӣ кардааст.
Ин муқаррарот барои афғонистониҳои соли 2022, як сол баъди дар Афғонистон сари қудрат баргаштани “Толибон” ҷорӣ шуд.
Афғонистониҳое ки бар асоси ин санад дар ИМА зиндагӣ мекунанд, собиқ ҳамкорони низомиён ва ё ҳукумати Амрико дар Афғонистон ва аҳли оилаҳои онҳо мебошанд, ки аз тарси интиқоми “Толибон”* аз Афғонистон фирор кардаанд.
Акнун баъди 20-уми май онҳоро ихроҷ таҳдид мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста