Чанд соат пас аз он ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз ирсоли пешниҳод ба Эрон барои созиши ҳастаӣ сухан гуфт, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт, ҳеҷ паёме аз Иёлоти Муттаҳида ба Теҳрон дар ин замина ирсол нашудааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 16-уми май дар шабкаи “Х”-и худ навишт, ки “Эрон ҳеҷ пешниҳоди катбӣ аз Иёлоти Муттаҳида, чӣ мустақим ва чӣ ғайримустақим дарёфт накардааст”.

“Дар ҳамин ҳол, паёмҳое, ки мо ва ҷаҳон (аз тарафи Амрико, - идора) дарёфт мекунем, ҳамчунон сардаргум ва мутаноқиз ҳастанд. Бо ин ҳол, мавқеи Эрон ҳамчунон қотеъ ва равшан аст: ба ҳуқуқи мо эҳтиром гузоред ва таҳримҳоро поён диҳед. Дар ин сурат тавофуқе даркор хоҳад буд”, - навиштааст Ароқчӣ.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ҳам имрӯз, 17-уми май, гуфтааст, ки “дар ҳоли музокира ҳастем, аммо аз ҳеҷ таҳдиде ҳарос надорем. Онон хаёл мекунанд, ки мо бо таҳдид аз ҳуқуқамон даст мекашем, аммо мо даст намекашем”.

Аббос Ароқчӣ
ИРНА

Доналд Трамп рӯзи гузашта ҳангоми бозгашт ба Амрико аз сафари серӯзааш ба кишварҳои Халиҷи Форс ба хабарнигорон гуфтааст, “Иёлоти Мутаҳҳида пешниҳодро барои тавофуқи ҳастаӣ ба Эрон додааст”.

“Онҳо пешниҳоди моро дар ихтиёр доранд ва ҳоло бояд сареъ тасмим гиранд, вагарна иттифоқи баде хоҳад афтод”, - гуфтааст Трамп ба хабарнигорон. Аммо ӯ шарҳи беҳтаре дар ин маврид ироа накардааст.

Пеш аз ин, рӯзи 14-уми май Алӣ Шамхонӣ, мушовири сиёсии раҳбари Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBS-и Амрико гуфта буд, ки дар Сурати бекор кардани ҳамаи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, Теҳрон омодаи имзои тавофуқ бо Вашингтон аст.

Пас аз ин Доналд Трамп дар шаҳри Давҳаи Қатар эълон кард, ки Эрон “ба навъе” бо шартҳои тавофуқи ҳастаӣ бо Амрико мувофиқат кардааст.

 

Доналд Трамп
Ройтерз

Ӯ гуфт, музокироти ҳастаӣ байни ду кишвар, ки рӯзи якшанбеи гузашта баргузор шуд, “гуфтугӯи бисёр ҷиддӣ” барои “сулҳи дарозмуддат” будааст.

Иёлоти Муттаҳида барои таваққуфи ғанисозии урани Эрон пофишорӣ дорад, то ин кишвар соҳиби силоҳи ҳастаӣ нашавад, вале Теҳрон мегӯяд, фаъолиятҳои ҳастаиаш комилан сулҳомез аст.

Ёдовар мешавем, ки мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Умон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд.  Доналд Трамп ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекунанд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ доранд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” аст ва танҳо масъалаи ғанисозии уран баҳс мешавад.

То ин лаҳза ҷонибҳо чаҳор маротиба бо ҳам мулоқот ва музокирот карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.