Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон рӯзи панҷум аст, ки давом дорад. Аз рӯзи гузашта то кунун расонаҳои ду кишвар чандин бор аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ ба хоки якдигар хабар доданд.
Дар ҳамлаи мушакие, ки имрӯз Эрон ба Исроил анҷом додааст, 5 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора BBC бо такя ба Хадамоти изтирории Исроил хабар додааст.
Дар наворҳои интишоршуда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки мушакҳои Эрон ба чандин бино дар минтақаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла, Телавив ва Ҳертслия бархӯрдаанд.
Ба гузориши расонаҳо, Артиши Исроил гуфтааст, дар ҳамлаи субҳи имрӯз Эрон ҳудуи 30 мушак ба ин кишвар партоб кардааст, ки теъдоде аз онҳо ба баъзе минтақаҳо бархӯрдаанд.
Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри як иттилоия гуфтааст, онҳо Маркази иттилооти хориҷӣ (Созмони ҷосусӣ)-и Исроил, МОСАД ва Маркази иттилоотии низомии Артиши ин кишварро ҳадаф қарор додаанд. Сипоҳ гуфтааст, “ин марказҳо ҳамакнун дар оташ месӯзад”. Исроил ин хабарро то кунун тасдиқ ё рад накардааст.
Ҳамчунин, ба гузориши расонаҳо, шаби гузашта Эрон се маротиба ба хоки Исроил мушак партоб кардааст. Хадамоти изтирории Исроил гуфтааст, дар пайи партоби мушакҳо аз Эрон дар давоми шаб маҷруҳону кушташудаҳо сабт нашудаанд.

BBC ба нақл аз расонаҳои исроилӣ навиштааст, ки полоишгоҳи нафти Ҳайфо пас аз ҳамлаҳои Эрон осеб дида, кори худро қатъ кардааст. Эрон қаблан гуфта буд, ки шоми рӯзи якшанбе ин полоишгоҳро ҳадаф қарор додааст. Ба гузориши “Ройтерз”, се корманди полоишгоҳи мазкур низ кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши расонаҳо, аз дирӯз то кунун Исроил ҳам ба минтақаҳо гуногуни Эрон, аз ҷумла, ба Теҳрон, Табрез, Кошон ва Исфаҳон ҳамла кардааст.
Рӯзи гузашта Исроил, ҳамчунин, ба идораи Созмони садову симо (телевизион ва радио)-и Эрон ҳуҷум кард. Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар пайи ин ҳамла, се корманди садову симо кушта шудаанд. Онҳо Нимо Раҷабпур, сардабири хабар, Маъсума Азимӣ, корманди дабирхона ва як корманди дигари садову симои Эрон будаанд. Баъди чанд соат брномаҳои Садо ва симо дубора барқарор шуд.

Хабаргузории “Форс”, наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи гузашта аз ҳамлаи Исроил ба як бемористон, аспхона ва намоишгоҳи мошинҳои боркаш дар Кирмоншоҳ ҳам хабар дода буд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳамла қисматҳое аз беморхонаи Форобии Кирмоншоҳ зарар дида, баъзе беморон маҷруҳ шудаанд.
Рӯзи гузашта расонаҳои Эрон аз ҳамла ба як ёрии таъҷилӣ дар ин кишвар ва кушта шудани се имдодгари Ҳилоли аҳмари Эрон хабар дода буданд.
Расонаҳои Эрон аз ҳамлаҳои Исроил ба наздикии майдони Озодии Теҳрон, подгон (гарнизон)-и низомӣ дар ғарби Теҳрон, бинои Хадамоти оташнишонии Мусиён, яке аз гузаргоҳҳо дар минтақаи Кошон аз дирӯз то кунун хабар додаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳамла ба гузаргоҳе дар Кошон, ки субҳи имрӯз аз сӯи Исроил анҷом шудаст, се нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудааст.
Субҳи имрӯз Артиши Исроил иддаъо кардааст, ки Алӣ Шодмонӣ, фармондеҳи тозаинтихоби Қароргоҳи марказии "Хотам-ул-анбиё"-ро дар ҳамлаҳои худ куштааст. Ӯ чор рӯз пеш пас аз кушта шудани Ғуломалӣ Рашид, собиқ фармондеҳи Қароргоҳи Хотам-ул-Анбиё дар ҳамлаи Исроил ба ин вазифа мансуб шуда буд. Эрон то кунун кушта шудани Алӣ Шодмониро рад ё тасдиқ накардааст.

Ёдрас мешавем, ки низоъ миёни Теҳрон ва Телавив бо ҳамлаи Исроил дар субҳи 13-уми июн ба чанд шаҳри Эрон оғоз шуд. Исроил ин ҳамларо “Бархостани шер” унвон карда, ҳадафи онро пешгирӣ аз дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ хонд. Вале Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест ва ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.
Дар ин пайвандҳо хонед, ки дар рӯзи аввал, дуюм ва сеюми даргирӣ миёни Эрон ва Исроил чӣ гузашт.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста