Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон бори дигар гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ “тасмим ба сохти силоҳи ҳастаӣ надорад”, аммо “ғанисозии уранро мутаваққиф намекунад”. Ӯ дар суханронии худ, ки дирӯз, 23-юми сентябр, тариқи садову симои Эрон пахш шуд, бар се меҳвар – иттиҳоди миллати Эрон, ғанисозии уран ва робита бо Амрико таъкид кард.

Хоманаӣ дар мавриди гуфтушунид бо Амрико гуфт, “музокира бо Амрико ҳеҷ суде надорад ва зиён ҳам дорад” ва “ҳеҷ кишваре зери бори музокираи таҳдидомез намеравад”.

Ӯ афзуд, ки “тарафи муқобили мо (Амрико) ваъдаҳояшро хилоф мекунад, таҳдид мекунад ва агар дасташ расад, террор ҳам мекунад”.

“Роҳи илоҷи пешрафти кишвар қавӣ шудан аст. Бояд қавӣ шуд. Қавӣ шудани низомӣ лозим аст. Қавӣ шудани илмӣ лозим аст. Қавӣ шудани сохтори давлатӣ лозим аст... вақте қавӣ бошем, тарафи муқобил ҳам таҳдид намекунад”, - изҳор дошт Хоманаӣ.

Ӯ илова кард, ки “қаблан мегуфтанд, меъёри ғанисозии уранро боло набаред, ё маҳсулотро дар Эрон нигаҳ надоред. Ҳоло мегӯянд, аслан ғанисозӣ надошта бошед ва онро боздоред”.

Хоманаӣ гуфт, “мардуми Эрон ба даҳани касе мезананд, ки чунин чизе бигӯяд”.

Ин изҳороти Хоманаӣ пас аз он пахш шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид гуфт, “ман ба раҳбари Эрон номаи саховатмандонае навиштам, аммо ӯ бо таҳдид посух дод”.

Ӯ дар ин суханронӣ иддаъо кард, ки “Эрон бузургтарин пуштибони терроризм дар ҷаҳон аст ва набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад”. Трамп дар баромади худ аз ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон дифоъ кард ва гуфт, “ҳеҷ кишвари дигаре дар ҷаҳон ба ҷуз Иёлоти Мттаҳида тавоноии ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эронро надошт”.

 

Доналд Трамп
Акс аз Reuters

Амрико дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи Исроил дар Эрон дар моҳи июн ба он ҳамроҳ шуд ва таъсисоти ҳастаии Эронро бомбборон кард.

Хоманаӣ дар суханронии дирӯзаи худ изҳор дошт, ки Эрон на силоҳи ҳастаӣ дорад ва на дар оянда хоҳад дошт ва бори дигар ба сулҳомез будани барномаи ҳастаии кишвараш таъкид кард.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш беш аз 70 намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар номае ба Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар хостори бознигарии фатвои раҳбари Эрон дар мавриди силоҳи ҳастаӣ шуданд. Хоманаӣ дар солҳои гузашта борҳо силоҳи ҳастаиро ҳаром хонда, гуфта буд, ки истифода за онро ҷоиз намедонад.

Дирӯз ӯ дар идомаи суханронии худ аз корбурдҳои сулҳомези силоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла, дар барқу пизишкӣ ва кишоварзиву саноатро тавзеҳ дода, гуфт, Эрон фанноварии ғанисозии уранро надошт, аммо масъулину мутахассисон ин саноатро оғоз карданд ва ба нуқтае, ки имрӯз ҳастем, расонданд. Ӯ гуфт, Эрон яке аз 10 кишваре дар дунёст, ки чунин тавоноиро дорад.

“Имрӯз мо аз ҷиҳати ғанисозии уран дар сатҳи болое қарор дорем. Албатта, кишварҳое, ки мехоҳанд силоҳи ҳастаӣ созанд, ин ғанисозиро то 90 дарсад холис мекунанд. Чун мо ба силоҳ ниёз надорем ва тасмим гирифтаем, ки онро надошта бошем, ғанисозиро то он ҳад (90 дарсад) боло набурдем. Мо онро ба 60 дарсад расондем, ки рақами хеле болое аст, рақами хеле хубе аст ва барои бархе аз корҳои мавриди ниёзамон дар кишвар лозим аст”, - зикр кард Хоманаӣ.

Дар ҳамин ҳол, чаҳор рӯз пеш Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон, ки бар асоси созишномаи ҳастаии Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар соли 2015 боздошта шуда буданд, овоз дод. Кишварҳои аврупоӣ дар ин росто бо иддаъои он ки Эрон уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома иҷро накардааст, эълон карданд, ки банди “созукор (механизм)-и моша”ё ҳамон “snapback”-ро фаъол кардаанд.

Бинобар ин банд, таҳримҳои боздоштшудаи Созмони милали муттаҳид алайҳи Эрон давоми 30 рӯз фаъол мешаванд. Муҳлати охирини он 27-уми сентябр муайян шудааст. Ҳамакнун Эрон ва сегонаи аврупоӣ (Фаронса, Олмон ва Бритониё) барои ба таъхир андохтани таҳримҳои мазкур алайҳи Теҳрон то ин рӯз вақт доранд, ки ба созиш расанд.

Эрон фаъол кардани таҳримҳои СММ-ро “сӯистифода” аз созукори ҳаллу фасли ихтилофоти БАРҶОМ хонд ва онро ба унвони “иқдоме ғайриқонунӣ, беасос ва иғвогарона” маҳкум кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.