Даргирии низомӣ миёни Толибон ва Покистон, ки миёнаи моҳи октябр ҷараён гирифт ва қариб як ҳафта давом кард, ба иттилои ҳарду ҷониб, садҳо сарбоз ва сокини осоиштаро куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. Ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба ҳуҷум ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ муттаҳам карданд.

Ҳарчанд ин даргирии аввал миёни Толибон ва Покистон набуд, аммо миқёси он бузургтар аз пештар буд ва суолҳоеро халқ кард, ки омили аслии низоъ чӣ аст ва ду ҷониб, ки то чандеи пеш рабитаи танготанг доштанд, акнун сари кадом аҳдоф ихтилоф доранд.

“Азия-Плюс” аз Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик хост, даргирии ахир миёни Толибону Покистон ва омилу паёмадҳои онро шарҳ диҳад.

 

Баҳонаи низоъ ва гуфтушуниди бенатиҷа

19-уми октябри соли ҷорӣ ҳукумати Толибон* ва Покистон бо миёнҷигарии Қатар ва Туркия дар мавриди оташбас ба тавофуқ расиданд. Аммо нишасти ду тараф дар шаҳри Истанбул, ки дар рӯзҳои ахир бо ҳадафи даст ёфтан ба сулҳи пойдор баргузор шуд, ҳанӯз ба натиҷаи матлуб нарасида, ихтилофи миёни Толибон в Покистон ҳамчунин ҷиддӣ боқӣ мондааст.

 

Қосим Бекмуҳаммад

Даргирии густурдаи низомии миёни Толибон ва Покистон пас аз он шуруъ шуд, ки 9-уми октябр ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) дар минтақаи марзӣ ва қабиланишини Куррам ба як корвони низомии Покистон ҳамла карда, ду афсар ва нуҳ сарбозро куштанд. Дар рӯзи баъд Покистон ба Кобул ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод, ки гӯё раҳбари ТТП Нур Валӣ Маҳсуд ва чанд тани дигар низ аз байн бурда шуданд (то ҳанӯз зинда ё мурда будани раҳбари ТТП ба сурати мустанад таъйид нашудааст). Дар ин миён даргириҳои марзӣ ва ҳамлаҳои ҳавоии Покистону Толибон алайҳи якдигар чанд рӯз идома ёфт, ки дар ниҳоят бо оташбаси ёдшуда ба поён расид.

 

Умеди барбодрафтаи Покистон

Покистон бовар дошт, ки бо бозгашти дубораи Толибон ба қудрат Афғонистон на танҳо нақши умқи роҳбурдӣ (стратегӣ)-ро бозӣ хоҳад кард, балки ба шарики роҳбурдӣ низ табдил хоҳад шуд. Ҳузури ошкори мақомоти сиёсӣ ва истихборотии Покистон дар Кобул дар нахустин рӯзҳои ишғоли Афғонистон тавассути Толибон таъйиди ин нукта буд. Аммо ба тадриҷ вазъият дар масире қарор гирифт, ки хости Покистон набуд ва Исломобод бо таҳдиди мусаллаҳонаи гурӯҳҳои шибҳанизомие рӯбарӯ шуд, ки дар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Покистон паноҳ ёфта буданд. Зимнан барои Покистон дар замони Толибон эҳсоси ноамнӣ аз ҷониби Афғонистон дар қиёс бо замони ҷумҳурият ба маротиб бештар ва ҷиддитар шуд.

Дар ин миён вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ 9-уми октябри соли ҷорӣ ба Ҳинд сафари расмии панҷрӯза анҷом дод ва дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, азсаргирии тарҳҳои зерсохтии Ҳинд барои рушди Афғонистон ва бозкушоии сафорати ин кишвар дар Кобул гуфтугӯ кард. Нахустин сафари як мақоми баландпояи сиёсии Толибон ба Ҳинд нишондиҳандаи иродаи Кобули кунунӣ ба эҷоди мувозина дар равобити минтақавӣ дониста мешавад.

 

Генерал Файз Ҳамид, раиси истихбороти низомии артиши Покистон дар Кобул, сентябри соли 2021
Акс аз BBC

Умқи роҳбурдӣ ё таҳдиди роҳбурдӣ?

Аммо тақвияти нақшу ҷойгоҳи Ҳинд дар Афғонистон - кишваре, ки Покистон онро умқи роҳбурдии худ медонад, ба маънои ба чолиш кашида шудани манфиатҳои калонаш аст. Ба иборати дигар, нерӯе, ки Покистон дар тӯли беш аз се даҳа парвариш дода буд, то ҷойе дар ҳоли аз даст рафтан қарор гирифтааст. Ин дар воқеъ як тағйироти ҷиддист, зеро Покистон низ ҳамеша барои Толибон умқи роҳбурдӣ маҳсуб мешуд (мавҷудияти пойгоҳҳои Толибон дар Вазиристон, Кувейта ва Пешовар як воқеият буд) ва бидуни Покистон бақои Толибон аслан имкон надошт.

Сафари Амирхон Муттақӣ ба Ҳинд ва ҳамлаи ТТП ба низомиёни покистонӣ ин тасаввурро қавитар кард, ки Толибон дар ҳоли фосила гирифтан аз Исломобод буда, дигар наметавонад барои ин кишвар шарики мавриди эътимод дониста шавад. Зимнан равобити наздики Афғонистон бо Ҳинд дар замони ҷумҳурият (то соли 2021) яке аз далелҳои ҳимояти васеъи Покистон, бахусус артиш ва истихбороти низомии он аз Толибон буд.

Аммо акнун Покистон нигарони он аст, ки фаъол шудани Ҳинд дар Афғонистон мумкин аст боиси тағйири мувозинаи қудрати низомӣ ва амниятӣ низ шавад, ки метавонад эҳтимоли афзоиши иқдомоти ТТП-ро ҳам дар пай дошта бошад. Ҳамлаи ҳавоии Покистон ба Кобул, ки дар таърихи муносиботи миёни ду кишвар бесобиқа буд, ҳам намоиши қудрати низомӣ ва ҳам нишондиҳандаи умқи нигарониҳои Исломобод аст.

Ҳамон гуна ки ишора шуд, Покистону Толибон, ки барои якдигар умқи роҳбурдӣ буданд, акнун ба манбаъи таҳдиди роҳбурдӣ табдил шудаанд. Зеро, аз як сӯ, таҳдиди ТТП дар манотиқи қабоилӣ ва умдатан паштунишини Покистон таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти дохилӣ ва тамомияти арзӣ ё сарзаминии ин кишвар эҷод кардааст ва аз сӯйе ҳам, Покистон дигар барои Толибон на танҳо пуштибону такягоҳи даврони ҷанг алайҳи ҳукумати вақти Кобул нест, балки таҳдиде бар эътибору ҳайсияти сиёсии Толибон низ дониста мешавад.

 

Амирхон Муттақӣ дар Ҳинд
Акс аз сомонаи laverita.info

Ё ба зурӣ ё ба зорӣ ё ба зар

Покистону Толибон бо вуҷуди ихтилофоти ҷиддӣ ба якдигар ниёз доранд. Зеро тирагии равобит бо Покистон Толибонро аз дастрасӣ ба бандарҳои Карочӣ ва Гвадар маҳрум мекунад, ки барои иқтисоди заъифи Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ин вазъият на танҳо ба суди Ҳинд (аз нигоҳи тақвияти нуфузи сиёсӣ дар Афғонистон ва ворид кардани фишор аз ин тариқ ба Покистон), балки ба суди бозигарони дигаре монанди Эрон (бо мубодилаи тиҷории чандмиллиардӣ бо Толибон ва доштани бандарҳое, ки метавонад ҷойгузини Карочӣ ва Гвадар шавад) ва то ҷойе Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хоҳад буд.

Дар ҳар сурат бузургтарин нигаронии Покистон ба эҳтимоли ҷиддӣ шудани ҳамкориҳои низомӣ ва амниятии Толибон ва Ҳинд марбут аст, зеро чунин иттифоқе метавонад манфиатҳои Исломободро ҳам аз ғарб ва ҳам аз шарқи ин кишвар дар маърази таҳдид қарор диҳад. Аз ин нигоҳ, ба истилоҳи маъруф, Покистон маҷбур аст Толибонро “ё ба зурӣ ё ба зорӣ ё ба зар” бо худ дошта бошад.

 

Аммо чандон осон нахоҳад буд

Покистону Толибон ба якдигар ниёз доранд, вале омилҳое, ки боиси таниши байни ду тараф шудааст, ҳамчунон боқист. Покистон Толибонро муттаҳам ба паноҳ додан ба гурӯҳҳои зиддипокистонӣ, махсусан ТТП мекунад. Маълум аст, ки Толибон ин иддаъоро қабул надорад, аммо шояд таҳти фишорҳои Исломобод ва бозигарони дигари минтақаӣ водор ба коҳиши ҳимоят аз ТТП шавад. Аммо гумон намеравад, ки Толибон ба сурати комил иртиботи худро бо ТТП қатъ кунад, зеро Толибони ду тарафи марз дорои решаҳои муштараки қавмӣ (исломияти ифротии ҳамроҳ бо қавмгароии сиёсии паштунӣ), динӣ (тафаккури мактаби девбандӣ, бардошти яксон аз шариъати исломӣ ва таҳсилдидагии бисёре аз раҳбарони Толибони афғону покистонӣ дар мадрасаҳои Ҳаққония) ва идеологӣ (эҷоди низоми сиёсии Аморати исломӣ ва зиддияти шадид бо дунявият-секуляризм) ҳастанд. Гузашта аз он ТТП дар ҷараёни ҷанги Толибон алайҳи ИМА ва нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳамеша мизбон ва ҳомии ин  гурӯҳ будааст ва акнун интизори чунин кореро аз сӯи Толибон дорад.

 

Муҳаммад Исҳоқ Дор ва Амирхон Муттақӣ, вазирони умури хориҷии Покистон ва Толибон, апрели 2025 дар Кобул
Акс аз AFP

Бинбар ин, бо вуҷуди осеб задан ба машруъияти байналмилалии ҳукумати Толибон, қатъи комили иртибот бо ТТП-и ҳамреша боиси аз даст додани бахши муҳимме аз пойгоҳи иҷтимоъии Толибон ҳам дар дохили Афғонистон (бахусус дар минтақаи ҷанубу шарқӣ) ва ҳам дар минтақаҳои паштунишини Покистон хоҳад шуд. Ба ин далел аст, ки Толибон бо дар назар гирифтани вуҷуди “руҳияи покистонҳаросӣ” дар Афғонистон, саъй мекунад то худро ҳамчун “ҳомии манфиатҳои кулли мардум”-и ин кишвар нишон диҳад.

 

Интиқоли ҷангиёни ТТП ба шимоли Афғонистон?

Ахиран яке аз коршиносони масоили Афғонистон муддаъӣ шудааст, ки бар асоси тавофуқи ёдшудаи миёни ҳукумати Толибон ва Покистон, ҷангиёни ТТП бо хонаводаҳояшон ба минтақаҳои шимолии Афғонистон интиқол дода хоҳанд шуд. Гӯё ҳатто теъдоде аз онҳо алакай дар вилоятҳои Қундуз, Тахор, Бағлон ва Бадахшон қарор гирифтаанд. Ин иддаъо ҳанӯз тавассути ҳеч як аз манбаъҳои хабарии муътабар таъйид нашудааст.

Аммо агар ин масъала аз диди таҳлилӣ баррасӣ шавад, шимоли Афғонистон ба далели фосилаи зиёд бо марзи Покистон ва надоштани пойгоҳи иҷтимоъӣ наметавонад минтақаи мавриди алоқаи ТТП бошад. Гузашта аз он, маскун шудани ҷангиёни ТТП дар шимоли Афғонистон, ки умдатан ғайрипаштуннишинанд, метавонад ихтилофу танишҳои қавмиро дар пай дошта бошад, ки ба нафъи Толибон нахоҳад буд.  

Ҳатто агар чунин иқдоме ба шакли маҳдуд ҳам сурат гирад, мумкин аст ҷанбаи тактикӣ ва муваққатӣ дошта бошад, аммо наметавонад аҳдофи ТТП-ро дар минтақаҳои марзии қабоилии Покистон аз дастури кори ин созмон хориҷ кунад.

 

Яке аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Афғонистон ва Покистон
Акс аз AFP

Чин, Эрон ва Русия - аз фурсат то нигаронӣ

Бо вуҷуди истифодаҳои эҳтимолии иқтисодӣ аз ин вазъият, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҷонибдори амиқтар шудани ихтилофи миёни Покистон ва Толибон нестанд. Зеро ҳар навъ бесуботии марбут ба Афғонистон ба вазъияти амниятии Ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва митақаҳои дигари перомунӣ таъсир мерасонад. Бахусус Чин, ки бо Покистон шарики роҳбурдӣ будаву бо Толибон низ мехоҳад равобити қобили пешбинӣ дошта бошад. Дар сурати идомаи рӯёрӯии низомии Покистону Толибон даҳлези иқтисодии Чин-Покистон, ки маҷмуъае аз тарҳҳои зерсохтиро дар бар гирифтаву минтақаи Синкиёнгро бо бандари Гвадар мепайвандад, короии худро аз даст медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон ба далели мақеъияти роҳбурдии ҷуғрофии худ дар тарҳи ҷаҳонии “Камарбанд ва ҷода”-и Чин аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Ҳарчанд Русия низ хостори ҷиддӣ шудани даргириҳои низомии Покистон бо Толибон нест, аммо ноамнӣ дар Афғонистон ва куллан Ғарби Осиё ва инчунин афзоиши таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳузури пойгоҳҳои низомии он дар минтақа ва ҳамкориҳои амниятиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ дар чорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чӣ дар сатҳи дуҷониба намоёнтар мекунад.

 

Мулло Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои Толибон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон, 19-уми октябр, Давҳаи Қатар
Акс аз хабаргузории "Анадолу"-и Туркия

Рӯёрӯии низомии Покистон ва Толибон тарҳҳои гуногуни зерсохтӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, даҳлезҳои нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва ғайраро, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иртибот мегирад,  осебпазир мекунад. Ин вазъият барои минтақаи мо аҳамияти масирҳои транзитиеро, ки аз тариқи Эрон, баҳри Хазар ва Қафқоз убур мекунанд, бештар менамояд.  

Буҳронӣ шудани равобити Покистон бо Толибон таъсири чандоне на танҳо бар манфиатҳои ИМА ва Ғарб дар минтақа надорад, балки мумкин аст ба шаклгирии конунҳои ноамнӣ дар густараи АвруОсиё кумак кунад, ки метавонад ба нафъи ИМА ва Ғарб низ бошад. Зеро чунин таҳаввулоти амниятӣ боиси заъиф гардидани блоки АвруОсиёӣ бо меҳварияти нақши  Русия, Чин, Эрон ва бархе кишварҳои дигар хоҳад шуд, ки ба дунболи чандқутбисозии ҷаҳон будаву аз ин тариқ  манфиатҳои ИМА ва Ғарбро ба чолиш мекашанд.

Дар ҳар сурат ихтилофи миёни Покистон ва Толибон дар миёнмуддат ба унвони яке аз масъалаҳои ҳассоси амниятӣ дар қораи АвруОсиё боқӣ хоҳад монд ва бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаиро во хоҳад дошт, то ба истилоҳ дасти худро рӯи набзи таҳаввулот нигоҳ доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.