Сюжет "Эътироз дар Хоруғ" | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus
Бекор кардан 

Эътироз дар Хоруғ

Сурат: Pamir Daily News

Дар Хоруғ 25-уми ноябр эътирозҳо оғоз шуд, ки дар он мардум талаб мекарданд, омилони марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Шоми он рӯз намояндаи эътирозгаронро раиси вилоят Алишер Мирзонабот пазируфт. Эътирозгарон он шабро дар майдон рӯз карданд ва ба эътирозҳои худ давом доданд. Манбеи "Азия-Плюс" хабар доданд, ки аз ҳисоби эътирозгарон 6 нафар захмӣ ва ду нафар кушта шуд. Ҳукумат гурӯҳеро барои ғасби бинои ҳукумати вилоят муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки дар натиҷаи беназмиҳо дар Хоруғ 5 корманди мақомти қудратӣ захмӣ шуд.