Теҳрон барои роҳандозии равуо тариқи роҳи оҳан бо шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) шароит омода мекунад, ки робитаҳои Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ боз ҳам тақвият мебахшад. Дар ин бора мудири кулли Ширкати миллии роҳи оҳани Эрон (RAJA) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин хатсайрҳои нав қисме аз стратегияи Эрон дар таҷдиди зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ маҳсуб меёбанд.
“Пас аз таваққуфи панҷсола хатсайри Теҳрон – Ван (Туркия) дубора ба роҳ монда шуда, инчунин омодагиҳо барои роҳандозии ҳаракати қатораҳо ба шаҳрҳои Марв дар Туркманистон ва Душанбе дар Тоҷикистон идома доранд”, - гуфтааст Зокирӣ.
Дар бораи кай оғоз шудани ҳаракати қатораҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло хабар дода намешавад.

Ҷаббор Алӣ Зокирӣ ҳамчунин дар бораи ба наздикӣ кушода шудани ду хатсайри нави роҳи оҳан, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст месозанд, хабар додааст. Яке аз онҳо байни Теҳрон ва Анқара дар муддати ду моҳи наздик роҳандозӣ мешавад. Хатсайри дуюм байни Теҳрон ва Ҳирот то охири моҳи оянда боз мешавад.
Ин самтҳо барои равуои одамону интиқоли бор, инчунин татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар соҳаҳои савдо ва сармоягузорӣ имконоти нав фароҳам меоранд. Ҷанбаи муҳими ин ташаббусҳо афзудани сафари сайёҳон ва рушди ин соҳа арзёбӣ мешавад.
“Шабакаи роҳи оҳани Эрон аз мероси ғании таърихиву фарҳангӣ бархӯрдор буда, истифодаи ин имконият ба гирифтани даромади назаррас аз сайёҳӣ ва инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши меҳмондорӣ мусоидат намояд”, - зикр кардааст Зокирӣ.
Мудири кулли ширкат инчунин ба мушкилии номувофиқӣ байни рушди роҳҳои оҳан ва парки ҳаракаткунанда ишора карда, изҳор намудааст, ки дар Эрон ҳамасола аз 150 то 300 километр роҳи оҳани нав сохта мешавад, вале барои фаъолияти пурраи шабака зарурати навсозии воситаҳои ҳаракатовар (мутаҳаррик) лозим аст.
“Имсол ба кишвар 300 вагони нави мусофирбар ворид мегардад. Ҳамчунин бо ҷониби Чин барои таҳвили вагонҳои нав шартнома ба имзо расидааст”, – гуфтааст роҳбари ширкат.
Айни замон байни Тоҷикистон ва Эрон хатсайри мустақими ҳавоӣ амал мекунад. Аз ҷониби "Сомон эйр” ва Varesh Airline байни Душанбе ва Теҳрон парвозҳо анҷом дода шуда, ширкати Эрон инчунин аз Машҳад ба Душанбе ва бозпас парвозҳо ба иҷро мерасонад.




Махмурод Ашуров после публикации материала «Азия-Плюс» нашёл Назирбиби. Он спас ее 57 лет назад
В Таджикистане открыли 15 комнат поддержки для жертв насилия
Культурные события 2025 года, которые стали знаковыми для Таджикистана
В Узбекистане изъяли 32 кг ввезенных из Таджикистана наркотиков
Рамзан Кадыров назначил своего 20-летнего сына Ахмата на должность вице-премьера Чечни
Хлопок начал дорожать на мировом рынке после длительного периода снижения цен
«Имон Интернешнл» объявляет о беспрецедентном снижении кредитных ставок — до -8%
Таджикистан занял 89-е место в мировом Индексе безопасности женщин
Золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2025 году подорожали почти на 40%
В Нью-Йорке прошло первое судебное заседание по делу Николаса Мадуро. Лидер Венесуэлы заявил о своей невиновности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста