Мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон таҳти сарвариии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии даври интихобии минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар гурӯҳи «В» футболбозони тоҷик рӯзи 16 октябр дар вохӯрии душвор бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 4 бар 3 дастболо шуданд.

Гуфта мешавад, акнун сарфи назар аз як вохӯрии боқимонда бо тими мизбони Эрон (17 октябр, шаҳри Табрез), мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ ёфт, ки соли оянда дар Тайбэйи Чин доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.