Охири ҳафтаи гузашта дар сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ду задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, задухӯрди аввал дар яке аз минтақаи муҳофизатии  дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» рух дода, як гурӯҳи қочоқбарон ба гузаштани марз аз ҷониби Афғонистон талош мекунанд.

«Дар натиҷа байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқбарони номаълуми афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд ва боқимонда қоҷоқбарон ба муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, ба соҳили кишвари ҳамсоя баргаштанд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 адад норинҷаки дасти Ф-1 ва 1 адад телефони мобилии Самсунг дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, задухӯрди мусаллаҳонаи дигар дар минтақаи зертобеъи отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба вуқӯъ пайваста, марзбонон ва кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо қочоқбарони номаълуми афғон рӯ ба рӯ шуда, тирпарронӣ ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷа як нафар қочоқбар безарар гардонида шуда, боқимонда қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб ба Афғонистон паноҳ мебаранд.

Зикр мегардад, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 адад ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шудааст.