Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, 21 ширкати бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла Google, YouTobe, Facebook, Instagram ва Apple, ки дар мақомоти андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дар соли 2021 ба буҷети кишвар беш аз 2 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора як масъули Кумитаи андоз Собирҷон Исоев дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” хабар додааст.
Исоев гуфтааст, аз ҷумла ширкати “Google Comerce Limited”, ки YouTobe яке аз зерширктаҳои он аст, беш аз 800 ҳазор сомонӣ, ширкати “Meta Platforms Ireland Limited”, ки шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Instagram” ва “WhatsApp” тобеи он мебошад, беш аз 690 ҳазор сомонӣ, ширкати маъруфи “Apple” 462 ҳазор, “Netflix” 43 ҳазор, “Amazon” қариб 19 ҳазор ва “Microsoft” 18 ҳазор сомонӣ ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт намудаанд.
Ин масъули Кумитаи андоз гуфтааст, то ҳол 32 блогери тоҷик дар мақомоти андоз ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта шуда, дар семоҳаи аввали соли равон онҳо ба буҷети кишвар 112,4 ҳазор сомонӣ андоз пардохт намудаанд.
Номбурда гуфтааст, ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар мақомоти андоз 725 субъекти дар соҳаи тиҷорати электронӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар се моҳи соли ҷорӣ онҳо зиёда аз 3,7 млн сомонӣ ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт кардаанд.
Бо вуҷуди ин, корманди масъули мақомоти андоз изҳори нигаронӣ кардааст, ки “миёни шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҳастанд шахсоне, ки бо истифода аз шабакаи интернетӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ намуда истодаанд, бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”.
Ба таъкиди ӯ, онҳое ки тавассути Интернет ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва аз он даромад мегиранд, дар асоси қонунгузорӣ уҳдадоранд, ки ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт кунанд.
Бояд гуфт, тобистони соли гузашта Кумитаи андоз хабар дода буд, ки ширкати“Apple” нахустин ширкати хориҷие буд, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон ба пардохти андоз ба буҷаи Тоҷикистон оғоз кардааст. Он замон ин ширкат барои семоҳаи якум ва дуюми соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, беш аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намудааст.
Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷапардохт намоянд.
То ҳол, 21 намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуданд.
Эксперт: «Отдаленность от океана грозит странам Центральной Азии более страшными последствиями изменения климата»
Детские летние лагеря в Таджикистане: где ребенку провести каникулы?
К чему призвал Эмомали Рахмон пограничников Таджикистана в их праздник?
Матвиенко пригласила вице-премьера Таджикистана на Евразийский женский форум в Санкт-Петербург
«Росатом» летом начнёт строительство АЭС малой мощности в Узбекистане
Спасатели обнаружили тело девочки, утонувшей в реке на востоке Таджикистана
Россия и Узбекистан ускорят решение вопроса о пенсионном обеспечении своих бывших граждан
Экологи Согда провели рейды «Чистый воздух»: сколько нарушений выявлено?
В Таджикистане снова ожидаются грозы, ливни, сели
«Паспортно-визовый сервис» МВД России официально начал работать в Душанбе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста